Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ МУАССИСАИ ТАНДУРУСТӢ

 

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ МУАССИСАИ ТАНДУРУСТӢ

Рӯзи 9 август раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ба Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор ташриф оварда, дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Исиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корҳои ободонӣ ва рафти таъмири капиталӣ дар шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи мазкур шинос гардид.

Ҳамзамон, ёдовар бояд шуд, ки сафари такрории раиси шаҳр ба муассиса бо мақсади назорати иҷрои дастуру супоришҳое, ки чанде қабл зимни боздид аз муассиса дода шуда буд, роҳандозӣ шудааст.
Сардухтури беморхона Эмомалӣ Маҷидов раиси шаҳрро нахуст бо корҳои ба сомон расида дар шуъбаҳои қабул, осебшиносӣ, эҳё ва ҷарроҳӣ, таваллуд, шинос карда, мудирони шуъбаҳо дар бораи фаъолияти табибону ҳамшираҳои шафқат, дастовардҳо, қабулу гусел ва шумораи маризон, ҳамчунин шароитҳои фароҳамгардида давоми соли 2022 маълумот доданд.
Дар шуъбаи осебшиносӣ мудири шуъба Исмоил Ашӯров ба раиси шаҳр иттило дод, ки бори аввал табибони шуъба ба иваз намудани буғумҳои дасту пой иқдом намуда, то ба имрӯз ду амалиёти муваффақонаи ҷарроҳӣ гузарониданд.
Дар шуъбаи ҷарроҳӣ фаъолияти таҷҳизоти эндовидиоҷарроҳӣ, ки бо сабаби набудани мутахассис истифода намегардид, аз нав ба роҳ монда шуд.
Ҳудуди беморхона тозаву озода буда, шиору овезаҳои қаблӣ пурра иваз шудаанд, роҳравҳо 400 метри мураббаъ бетонпӯш ва 300 метри мураббаъ сафолакпӯш шуда, шафати онҳо майсазор ва бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зиннат ёфтаанд. Бо тавсияи раиси шаҳр 8 адад санҷоб харидорӣ кардаанд, ки дар дарахтони боғу майдончаҳои ҳудуди муассиса даву тоз карда, беморону аёдаткунандагон аз тамошои онҳо хушнуд гардида, ба андешаи табибон рӯҳу тавон меёбанд.
Аз даромадгоҳи асосии беморхона то бинои маъмурӣ дар масофаи наздик ба 100 метр ҳавозаи ангур ва дар ду канори он беш аз 300 тубакчаҳои гулҳои ороишӣ насб гардида, панҷараҳои атрофи беморхонаро низ бо ин усул ороиш додаанд ва намои беморхона, ки солҳои панҷоҳуми асри гузашта бунёд ёфтааст, ба назар навсохту осоишгоҳро мемонад.
Ба мушоҳида расид, ки корҳои ободонӣ дар гӯшаҳои гуногуни беморхона, аз ҷумла шуъбаи кӯдакона бо маром идома доранд. Бо ташаббуси сардухтури беморхона қолаби бузургҳаҷми гулдонҳо дастрас гардида, кормандони техникии муассиса бо истифода аз семент даҳҳо адад чунин гулдонҳои зебо рехта дар даромадгоҳи шуъбаю дорухонаҳо насб намудаанд, ки барои муассиса бисёр арзону қулай меафтад.
Дар пухтупази ошхонаи парҳезӣ аз гармхонаи кабутию сабзавоти тару тоза, ки атрофаш бо садбаргҳои рангоранг оро ёфтааст, истифода менамоянд ва барои таъмини бемамонияти оби нӯшокию полезӣ ду зарфи калонҳаҷми захираи об низ насб шуда, дастрасӣ ба обро беҳтар кардааст.
Тавре сардухтури беморхона Эмомалӣ Маҷидов ҳангоми гусел иброз дошт, ин интиҳои кор набуда, тибқи нақша бахшида ба ҷашнҳои дарпешистода иқдомҳои ободкорона гирифта мешаванд ва табибони шаҳр 35 солагии Истиқлоли давлатро бо туҳфаҳои арзанда истиқбол менамоянд.
Раиси шаҳрро дар сафари корӣ муовини раиси шаҳр Аҳмадҷон Исматуллозода ҳамроҳӣ намуд.
 

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *