ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА ҲУНАРМАНДӢ
Бо қарори раиси шаҳри Ҳисор бо мақсади эҳё ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ Шӯрои ҳамоҳангсоии ҳунармандӣ дар шаҳри Ҳисор таъсис ёфт.
Дар толори хурди МИҲД-ӣ шаҳр таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода ҷаласаи нахустини Шӯро бо иштироки мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони дахлдор доир гардид.
Иштирокчиёни ҷаласа бо ҳайати роҳбарикунанда, ки тибқи қарори раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода раиси Шӯро, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муовин ва сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ котиби Шӯро таъйин шинос гардиданд.
Иштирокчиёни ҷаласа бо мақсаду мароми фаъолияти Шӯро ва муҳтавои Нақшаи чорабиниҳои тарҳрезишуда шинос шуда, вазифаҳои ҳайати роҳбарикунанда ва аъзои Шӯро муайян гардиданд.