Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ДАСТАИ ФУТБОЛИ ДЕҲАИ ТӮДА ҒОЛИБИ ҶОМИ ФУТБОЛ БО УСУЛИ “ДЕҲА БА ДЕҲА”

ДАСТАИ ФУТБОЛИ ДЕҲАИ ТӮДА ҒОЛИБИ ҶОМИ ФУТБОЛ БО УСУЛИ “ДЕҲА БА ДЕҲА”
 
    Дар доираи татбиқи амалии “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” тибқи Нақшаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бозии футбол бо усули “деҳа ба деҳа” шурӯъ аз 1 июли соли равон идома дошта, шоми имрӯз, 20 август дастаҳои ғолиби деҳаҳои Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ва Кафшдӯзони деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, ки байни 32 даста ғолиб гардида ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтаанд, дар варзишгоҳи “Ҷавонон”-и мактаби варзишии ба номи Абдуманнон Зокирови шаҳр бо ҳам рақобат намуданд.
Қабл аз оғози мусобиқа бо иштироки раиси шаҳр Қосим Роҳбар чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ доир гардида, ба ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни наврасон, ки зери унвони “Футбол ба назди шумо меояд” байни 8 дастаи футболбозони навраси шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба муносибати Рӯзи варзиш доир гардида буд, ҳамчунин ба устодону мураббиҳои дастаҳо туҳфаю ҷоизаҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тақдим карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасон аз шаҳру навоҳии тобеи марказ дастаи футболбозони навраси синни 7-солаи Мактаби варзишии ба номи Абдуманнон Зокиров ҷойи аввал ва дастаи наврасони синни 9-солаи муассисаи мазкур бо гирифтани ҷойи дуюм ғолиби мусобиқа гардиданд.
Раиси шаҳр Қосим Роҳбар пас аз супоридани ҷоизаҳо ба наврасон ва устодону мураббиҳо ба дастаҳо ва роҳбарияти Мактаби варзишӣ барои ҳифзи шарафу шуҳрати варзишии шаҳри Ҳисор бо арзи сипосу эҳтиром барору пирӯзиҳои нав ба нав таманно намуд.
Сипас, бозии дастаҳои Тӯда ва Кафшдӯзони деҳоти Мирзо Ризо ва Хонақоҳи Куҳӣ шурӯъ гардида, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи дастаи футболбозони деҳаи Тӯда анҷом ёфт.
Дар фарҷом раиси шаҳр дастаҳои ғолиби деҳаи Тӯдаи деҳоти Мирзо Ризо ва Кафшдӯзони деҳоти Хонақоҳи Кӯҳиро барои сазовор гардидан ба ҷойҳои якуму дуюм дар даври ниҳоии бозӣ муборакбод гуфта, дар фазои тантанавӣ туҳфаю ҷоизаҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.
Дар чорабинӣ, инчунин ба як қатор бозингарони муваффақи дастаҳои футболи шаҳр дар усули “деҳа ба деҳа”, доварон, мураббиҳо, саҳмгузорону ҳаводорони асили бозии футбол ва ҳомиёни тартибот Сипосномаи раиси шаҳр ва туҳфаю ҷоизаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тақдим гардид.
Футбол дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, бозии зебои рақибон доир гардида, дастаҳо шоми зебои ҷавониро ба мухлисони варзиш эҳдо намуданд.
Қабл аз оғози чорабинии варзишӣ ва ҳангоми танафус ҳунармандони бахши фарҳанг бо сурудҳои ҷаззоб хотири мухлисони футболро шод гардониданд.
 

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *