Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ОҒОЗИ СОХТМОН ДАР ДУ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ

  ОҒОЗИ СОХТМОН ДАР ДУ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ
 
19 август раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор бо рафти сохтмони иншооте, ки тибқи Нақшаи генералӣ ва Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба 35-солагии Истиқлолият бунёд меёбанд шинос гардида, дар маҳаллаҳои 8-ум ва кӯчаи Гагарини шаҳраки Ҳисор бо иштироки муовини раиси шаҳр Исматуллозода Аҳмадҷон, раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳисор Абдушукур Аловиддинов, сармеъмори шаҳр Сангалӣ Гулов ва сохтмончиёни ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон Қалъа” ва “Дилосо”, ба сохтмони ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Лоиҳаи бинои истиқоматии нуҳошёна бо марказҳои савдою хизматрасониро дар маҳаллаи 8 – ум ҶДММ “Арх-строй” тарҳрезӣ намуда, ҶДММ “Дилосо” амалӣ менамояд. Масоҳати умумии бино 4577,5 метри мураббаро ташкил медиҳад ва он аз 27 хонаҳои якҳуҷрагӣ, 18 дуҳуҷрагӣ ва 11 сеҳуҷрагӣ иборат мебошад. Дар назди бино бунёди чоҳи амудӣ бо насби ду насоси обкашӣ дар назар дошта шудааст ва он биноро 24 соат бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳад кард. Дар сохтмон 8 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардида, музди миёнаи маоши онҳо 1700 сомониро ташкил медиҳад. Муҳлати баистифодадиҳии бино тибқи лоиҳа октябри соли 2024 муайян гардидааст.
Дар маҳаллаи Гагарини шаҳраки Ҳисор сохтмони бинои истиқоматии баландошёнаро бо маркази савдою хизматрасонӣ ҶДММ “Сохтмон Қалъа” бар дӯш дорад ва тибқи лоиҳа анҷоми сохтмон декабри соли 2024 дар назар дошта шудааст.
Бино бо тарҳу намои зебои меъморӣ бунёд ёфта, аз 16 қабат иборат мебошад. Дар ошёнаи аввали бино маркази савдо ва хизматрасонӣ дар назар дошта шудааст.
Аснои шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон ба раиси шаҳр иттило доданд, ки сохтмони иншоот бо сифати баланд ва дар муҳлати пешниҳодгардида ба анҷом расонида мешавад.
Дар мавзеи сохтмон сокинони маҳаллаи Гагарин ба раиси шаҳр аз иқдоми шаҳрдорӣ оид ба бартарафсозии биноҳои дуошёнае, ки ҳанӯз солҳои 50-уми асри гузашта сохта шуда, ҳусни маркази шаҳрро коста мегардониданд ва ба ҷои онҳо бунёд гардидани биноҳои хуштарҳу замонавӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон вобаста ба мушкилоти пешомада дар пардохти маблағи биноҳои бартарафшуда аз ҷониби сохтмончиён изҳори нигаронӣ намуданд. Раиси шаҳр сохтмончиёнро уҳдадор намуд, ки дар наздиктарин фурсат тибқи муқаррарот ва қоидаҳои ҷорӣ маблағи сокинонро пардохт ва ё онҳоро бо манзилҳои муваққатии истиқоматӣ таъмин намоянд.
Қосим Роҳбар ба сохтмончиён барори кору муваффақият таманно намуда таъкид дошт, ки дар сохтмони баъзе иншооте, ки тибқи Нақшаи генералӣ дар маркази шаҳр бояд то ин замон бунёд меёфтанд ба кашолкорӣ роҳ дода шудааст, бинобар раванди корҳо зери назорати қатъии раиси шаҳр қарор мегиранд ва дар ҳолатҳои бе сабаб ба таъхир монондани муҳлати сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *