Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБИИ ТАБИБОН

ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБИИ ТАБИБОН
 
  18 август дар осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” бахшида ба Рӯзи табибон ва мавлуди пири ҳакимони шарқ Абӯалӣ ибни Сино чорабинии тантанавии идона доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иштирок ва суханронӣ намуда, аз рушди соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ ва хизмати табибон дар давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва саҳми табибон дар пешгирӣ аз он ёдовар шуд ва кормандони соҳаи тандурустиро ба муносибати ин санаи фархунда бо сипосу эҳтиром шодбош гуфт.
Раиси шаҳр таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ махсус таъкид намуда изҳор дошт, ки кормандони соҳҳаи тандурустӣ ва аҳолии кишвар таҳти ғамхории ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ беҳтарин таҷҳизоти муосири тиббӣ вориди Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Ҳисор гардида, хизматрасонии табибонро ба аҳолӣ осону беҳтар намудааст.
Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба рушди соҳа ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Имрӯз шумораи кормандони соҳаи тандурустӣ дар шаҳр наздик ба 2000 нафар ва шумораи табибоне, ки дар муассисаҳои давлатӣ фаъолият доранд 267 нафарро ташкил медиҳад. Ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ тахминан 8 табиб ва 32 корманди миёнаи тиббӣ рост меояд ва ин дар муқоиса ба солҳои қаблӣ зиёд бошад ҳам, ҳанӯз дар шаҳр нарасидани табибон эҳсос мешавад.
Ҳоло беморхонаҳои госпиталии шаҳр дар умум бо 578 кат фаъолият дошта, танҳо дар шаш моҳи соли 2022-ум 8238 нафар беморон бистарӣ гардида, табобат гирифтаанд.
Солҳои соҳибистиқлолӣ муассисаи соҳаи тандурустӣ қариб ду баробар афзуда, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 70 иншооти тандурустӣ, аз ҷумла 3 клиникаи хусусӣ, даҳҳо марказҳои саломатӣ, бунгоҳу дорухонаҳо сохта шудааст.
Дар Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони 44 муассисаи тандурустӣ дар назар дошта шудааст, ки ба ҳалли мушкилоти соҳа, беҳтар гардидани хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам гардидани даҳҳо ҷойҳои нави корӣ мусоидат мусоидат хоҳад намуд.
Бо ҳидояту дастгирии Роҳбари давлат дар шаҳри Ҳисор дар масоҳати умумии 8 гектар сохтмони бинои нави беморхонаи марказӣ барои 205 кат дар чор қабат ба маблағи 68 миллион сомонӣ идома дорад. Соли равон боз 5 миллион сомонӣ ҷудо гардида корҳои сохтмон дар иншооти мазкур вусъат ёфтааст.
Тибқи нақшаи МИҲД-и шаҳр дар ҳудуди беморхонаи касалиҳои сироятӣ сохтмони беморхонаи касалиҳои пӯст бо маблағи 3 миллиону 837 ҳазор сомонӣ дар назар дошта шудааст. Бинои нав аз ду ошёна ва 30 ҳуҷра иборат буда, дар майдони 0,44 гектар бунёд меёбад. Тибқи лоиҳа дар ошёнаи якуми бино шуъбаи дармонгоҳи Маркази пешгирии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ бо як озмоишгоҳ ва дар ошёнаи дуюми бино бошад, шуъбаи статсионарии Маркази мазкур ва Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО ҷойгир карда мешаванд.
Бо ин мақсад нимсолаи дуюми соли 2022 аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 350 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 25 июни соли равон бо иштироки роҳбарияти МИҲД-шаҳр ва собиқадорони соҳа маросими расмии оғози сохтмон доир гардид.
Бо мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи марказӣ ва муассисаҳои статсионариву госпиталии шаҳр таҷҳизоти нодири тиббӣ ворид гардида, дастгоҳи худкори таъминот бо барқ ва бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ таҷҳизоти истеҳсоли оксиген насб карда шуд, ки барои таъмини муассисаҳои тандурустии ҳудуди шаҳр ва берун аз он бо оксиген мусоидат менамояд. Ҳамчунин, ба муассиса як автомобили ёрии таъҷилӣ бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ туҳфа гардид.
Соли ҷорӣ бо мақсади таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ азхуд намудани 3,5 млн. сомонӣ маблағ дар назар дошта шудааст.
Собиқадорони соҳаи тандурустии шаҳр Абдуҳалим Самадов ва Ҳалима Зокирова низ зимни суханронӣ аз дастовардҳои соҳа изҳори қаноатмандӣ карда, аз номи кормандони соҳа ба роҳбарияти олии кишвар барои дастгирӣ ва ғамхориҳои пайваста арзи сипосу эҳтиром намуданд.
Дар фазои тантанавӣ ба як қатор табибон нишони аълочии соҳаи тандурустӣ, сипосномаҳои раиси шаҳр ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим гардид.
Аҳли ҳунари Филармонияи давлатии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов гулдастаи мусиқиро пешниҳоди иштирокчиёни чорабинии тантанавӣ гардониданд.

 

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *