Дар пайравӣ ба иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 3 октябр раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ба деҳаи Хирманаки Ҷамоати деҳоти Сомон ташриф оварда 322 нафар маъюбонеро, ки дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор тарбия меёбанд, аёдат намуд.
Раиси шаҳр пас аз дидорбинӣ ва суҳбати хоса бо хонандагони маъюб дар саҳни муассиса, ки ба пешвоз баромада буданд, инчунин боздиди намоиши маҳсулоте, ки аз замнҳои ёрирасони муассиса ҷамъоварӣ шудааст, вориди бинои муассиса гардида, бо шароити таълиму тарбия, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Роҳбари давлат дар сатҳи хубу зарурӣ муҳайё шудааст, шинос гирдида аз синфхонаю кабинетҳои фаннӣ ва касбомӯзӣ, хобгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои хизматрасонӣ дидан намуд. Аз роҳбари муассиса Роҳила Нураҳмадзода аз мушкилот, таъминоташон бо сару либос, ашёи хониш ва дигар лавозимоту таҷҳизоти зарурӣ барои таҳсил, ҳамчунин, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, барқ ва хизматрасонии тиббӣ пурсон шуда, омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро дар ҳалли ҳамагуна мушкилот дар муассиса иброз дошт.
Дар ошхонаи мактаб – интернат раиси шаҳр барои маъюбон ва устодону мураббиҳое, ки онҳоро парасторӣ мекунанд дастурхони идона ороста якҷо бо маъюбон хӯроки нисфирӯзӣ тановул намуд ва аз таҳсил, ҳолу саломатиашон пурсон шуда тазакур дод, ки иқдоми мазкур дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва таъкидҳои пайвастаашон, ки “Ман ҳеҷ гоҳ ятимону маъюбонро хору зор шудан намемонам” гуфтаанд, роҳандозӣ шудааст.
Ҳамзамон, раиси шаҳр ба устодону мураббиҳо барои парастории беминнату меҳрубононаашон нисбат ба маъюбон изҳори сипос карда, заҳмати онҳоро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд.
Дар идома ҳунармандони театри лухтаки шаҳри Душанбе, ки бо даъвати раиси шаҳр дар муассиса ҳузур доштанд бо намоиши саҳначаҳои ҷолиб аз афсонаҳои халқи тоҷик баромад карда, хотири тарбиягирандагони муассисаро шод намуданд.
Раиси шаҳр аз ташрифи ҳунармандони театри лухтак ба муассиса, ки бошандагонашро пурра кӯдакону наврасони маъюб ташкил медиҳанд, изҳори минатдорӣ карда, нақши образҳои мусбиеро, ки аз афсонаҳо ҳунармандон бозӣ карданд, барои тарбияи маънавии хонандагон ниҳоят муфид маънидод кард ва театри лухтакро ба ҳамкорӣ хонда, барои дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳр намоиш додани саҳнаҳои панду ахлоқӣ ҳидоят намуд.