ҚОСИМ РОҲБАР
Аз 27 январи соли 2022 дар вазифаи раиси шаҳри Ҳисор кор мекунад.
Соли таваллуд: 3 октябри соли 1964.
Ҷои таваллуд: ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Миллат: тоҷик.
Маълумот: олӣ.
Соли 1986 – Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисосаш агроном – олим.
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, ӯзбекӣ.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Аз соли 1986 то соли 1989 – агротехник, агрономэнтомологи колхози ба номи «40-солагии Октябр»-и ноҳияи Хуҷанд (ҳозира хоҷагии ба номи Р.Набиев ноҳияи Б. Ғафуров).
Солҳои 1989-1991 – Котиби дуюми Комитети комсомоли ноҳияи Хуҷанд (имрӯза ноҳияи Б.Ғафуров).
Солҳои 1991-1992 – мудири шӯъбаи ташкилии Комитети комсомоли вилояти Ленинобод.
Солҳои 1992- 1994 – раиси Шӯрои иттифоқи ҷавонони вилояти Ленинобод.
Солҳои 1994-1996 – раиси ноҳияи Хуҷанд (имрӯза ноҳияи Б.Ғафуров).
Соли 1996 то декабри соли 2006 – Раиси вилояти Суғд, ҳамзамон намояндаи Президент ва Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд.
Солҳои 1995-2000 – Вакили халқии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи Ёва №122 ва аъзои Кумитаи ММ МО ҶТ оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон.
Солҳои 2000-2005 – Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раиси Кумитаи иқтисод ва коммуникатсияи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз моҳи апрели соли 2005 то декабри соли 2006 – аъзо ва Муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 1997 -2004 – муовини аввали раиси Ҳаракати Ваҳдати Миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон.
Солҳои 1996-1998 – раиси Федератсияи бокси вилояти Суғд ва Раиси Ассотсиатсияи дӯстдорони табиат.
Аз 6 декабри соли 2006 то соли 2008 – Раиси комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.
Аз соли 2008 то 10 марти соли 2015 – Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2015 то 27.01.2022 – Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барои хизматҳои шоён аз тарафи давлату ҳукумат бо ҷоизаҳо ва унвонҳои зиёд сарфароз гардидааст:
Соли 1998 – бо «Ордени дӯстӣ»;
Соли 2002 – Медали ҷашнӣ бахшида ба 10-солагии ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Соли 2006–«Ордени Исмоили Сомонӣ» дараҷаи II;
Соли 2012 – Медали ҷашнӣ бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Соли 2021 – Медали ҷашнӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаҳои давлативу соҳавӣ мукофотонида шуда, ҳамзамон аълочии маориф, фарҳанг, тандурустӣ, узви Иттифоқи архитекторон ва мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.