5 октябр бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гардиши роҳи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ ва маросими пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи рамзӣ бо номи “Водии зарнисор” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ходимони давлатию ҷамъиятӣ, собиқадорони меҳнат, адибон, зиёиёни муътабари водӣ ва дигар аҳли эҷод иштирок доштанд.
Қад афрохтани лавҳаи “Водии зарнисор” бо рамзи 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар ин мавзеи дилрабо, ки шаҳодати ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги гузаштагон маънидод мегардад, ба ҳусни ин макон зебогии дигар зам намуд.
Иншоот бо шарофати Рӯзи забони давлатӣ ва рӯзе, ки зодрӯзи Пешвои тоҷикони ҷаҳон, эҳёгару поягузори давлати навини тоҷикон, фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯз рост омадааст, ифтитоҳ гардид. Лавҳаи мазкур дар кӯтоҳтарин муҳлат бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, таҳти назорати доимии раиси шаҳр, дастгирии соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд дар масоҳати умумии 260 метри мураббаъ бо сутуни баландиаш 17 метр ва паҳноии пояааш 13 метр бунёд шудааст.
Рӯи пояи он, ки аз сангҳои қимматбаҳои истеҳсоли ватанӣ бино ёфтааст, бо хатҳои заррин суханони мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳисор таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, ҷузъи муҳимтарини таърихи пурғановати халқамон ва далели раднопазири яке аз миллатҳои қадимтарини ҷаҳон будани он мебошад” ва поёнтар аз он ибораи “Водии зарнисор” хаккокӣ шудааст. Дар маркази лавҳа сутуни уфуқӣ қад афрохта бо назардошти таърихи бостонӣ доштаи шаҳри Ҳисор дар қисмати болоии он намунае аз рамзи 3000-солагии Ҳисор, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор бо дастури Президенти мамлакат тасдиқ гардида, маллифонаш олимони шодравон Давлатхӯҷа Довудӣ ва Музаффар Азизов мебошанд, насб шудааст. Он аз грифони афсонавии парандаи болдор, ки гузаштаи дур дар Эрон ва Осиёи Марказӣ парастиш меёфт ва грифони дарандаи болдор-шер, ки дар Байнаннаҳрайну Ҳиндустон маъруф буда рӯ ба ду ҷониб тасвир шудаанд, иборат мебошад. Дар қисмати пеши он барги ток ва хӯшаи ангур ҳамчун рамзи фаровонии водӣ ва хушнудию абадият тасвир ёфтааст.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар суханронӣ карда пас аз паёми шодбошӣ иброз дошт, ки забон бо пайдоиши инсоният ба вуҷуд омада, дар раванди бунёди давлати миллӣ ҳамчун унсур ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ҳалкунанда ва сарнавиштсоз дорад. Он таҷассумгари тарзи ҳаёт, расму русум, анъана ва дониши гузаштагон барои имрӯзиён аст.
Олимону донишмандони маъруфи ҷаҳон тоҷиконро ба ҳайси яке аз меросбарони забони қадимтарин ва забони тоҷикиро аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра мансуб донистаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби манзалуту пойдории забон баён доштаанд, ки: “Забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо омада расидааст”.
Раиси шаҳр аз таърихи шаҳри Ҳисор, доираи адабӣ ва адибони номвари он дар давраҳои гуногуни таърихӣ ёдовар шуда, саҳми зодагони Ҳисори Шодмонро дар рушду такомули забони тоҷикӣ бузург арзёбӣ намуд.
Дар идомаи суханронӣ бо ишора ба лавҳаи рамзии “Водии зарнисор” иброз дошт, ки иншооти мазкур давоми мантиқии таҷлили шаҳри куҳанбунёди дорои таърихи беш аз 3000-сола буда, дар партави корҳои созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ бунёд гардидааст. Инчунин он марбут ба яке аз бандҳои Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имруз амалӣ мегардад. “Водии зарнисор” номгузорӣ шудани лавҳа низ ба водии файзбору зарнисор ва таъмингари неъмати кишоварзӣ эътироф гардидани он дар минтақа аз замонҳои қадим манша мегирад.
Ҳудуди имрӯзаи водии Ҳисор макони буду боши ориёиҳо буда дар сарчашмаҳои қадим бахусус маъхазҳои ҳиндуаврупоӣ бо номи Кумит дарҷ шуда, аз қисмати ҷанубии водии Қаротегину Норак ҳавзаҳои дарёҳои Кофарниҳон ва Қаротоғ то Бойсуну Деҳнав қад-қади қаторкӯҳҳои Ҳисорро дар бар мегирифт. Шаҳри Ҳисор аз қадим маркази сиёсию иқтисодии Водии Ҳисор ва ба ибораи дигар дили водӣ ба ҳисоб мерафт. Дар Ҳисор ҳунармандӣ, аз қабили кулолгарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, кандакорӣ дар санг ва чӯб, ки дар Осиёи Миёна ва берун аз он маъруф буд, ниҳоят тарақӣ карда дар хотироти сайёҳони ба Ҳисор ташрифоварда баҳои баланд дода шудааст.
Ҳисор бо таърихи бойи худ хусусияти хоси давлатҳои Осиёи Марказиро инъикос карда, дар тиҷорати байналмилалӣ роли муҳимро мебозид. Имрӯз низ, меҳмонону сайёҳоне, ки аз ду ҷониб вориди водӣ мегарданд бо шарофати ин лавҳаи дорои рамзи таърихӣ ва ё ба забони маъмули байналмилалӣ бигӯем – стелла гузар карда, зимни шиносоӣ бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, Осорхонаи марказӣ ва дигар ёдгориҳои таърихии шаҳр ба таъриху фарҳанг шаҳрдорию шаҳрнишинии мо, ки аз давраҳои бостон манша мегирад баҳо хоҳанд дод ва сокинони шаҳр ба ин рамзи роҳнамо ҳамчун ҷузъе аз муаррифгари маданияту тамаддуни ниёгонамон, эҳтиром хоҳанд гузошт.
Дар чорабинӣ инчунин ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ муовини Сарвазири мамлакат Ҷамолиддин Мансуров, доктори илми фалсафа, узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, нависандагони халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев ва Ато Ҳамдам, адиб Султонмуроди Одина суханронӣ карда, иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинони шуҳратёри Ҳисори Шодмонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва ифтитоҳи лавҳаи рамзӣ бо номи “Водии зарнисор” табрику таҳният гуфтанд. Нотиқон иқдоми шаҳрдориро ватандӯстонаю ободкорона маънидод намуда, бунёди лавҳаи мазкурро бо рамзи 3000-солагии Ҳисор дар ин мавзеи зебои водӣ, ки дар гузашта маркази тамоми Бухорои Шарқӣ, ва тӯли қариб 3000-сол маркази водии зархез ва яке аз марказҳои муҳими сиёсиву фарҳангии Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт ва садсолаҳо қабл Шоҳроҳи Бузурги Абрешим низ аз он мегузаштааст, амри воқеӣ номида, барои сокинони водӣ, бахусус шаҳри Ҳисор ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихию фарҳангӣ баҳогузорӣ намуданд.