Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ХАТИ НАВИ БАРҚИ 10 КИЛОВОЛТА ДАР ШАҲРАКИ ҲИСОР

5 октябр ҳайати меҳмононе, ки дар таҷлили Рӯзи забон, ифтитоҳи лавҳаи рамзии “Водии зарнисор” дар гардиши Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор иштирок доштанд бо роҳбаладии раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ба деҳаи Содиқии Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ташриф оварда, дар маросими васл намудани хати нави 10 киловолтаи барқ аз зеристгоҳи 110 киловолтаи “Хонақоҳ” то маркази шаҳраки Ҳисор иштирок намуданд.
       Меҳмононро дар назди зеристгоҳи барқии “Хонақоҳ” кормандони шабакаҳои барқи шаҳри Ҳисор, ки дар муҳлати муайянгардида бо заҳмату мушкилоти зиёд хати навро бунёд намуда, ба мақсади ниҳоии худ расидаанд, истиқбол гирифтанд.
       Лозим ба тазаккур аст, ки зеристгоҳи “Хонақоҳ” дар доираи таҷлили 3000-солагии Ҳисор бо ҳидояту заковат ва хиради ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2014 мавриди истифода қарор гирифта, то ба имрӯз аз 20 чашмак (ячейка)-и он танҳо 8 чашмак истифода мегардиду халос.
       Зеристгоҳи амалкунандаи барқи “Ҳисор” соли 1968 бунёд гардида, барои пайваст намудани 40 адад трансфарматори барқӣ дар 4 чашмак пешбинӣ шуда бошад ҳам, имрӯз ба он 95 адад трансфарматор насб гардидааст, ки бо сарбории зиёд дар фасли тирамоҳу зимистон боиси садамаҳои зиёд ва тез-тез хомӯш гардидани неруи барқ дар шаҳрак мегардад.
       Бо назардошти ҳамин мушкилӣ раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар 23 июни соли равон бо соҳибкорону сохтмончиёни муваффақи шаҳр мулоқот карда, роҳи ҳалли мушкилотро дар кашидани хати нави барқ ба маркази шаҳрак арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, даъват ба амал овард, ки бо дастгирии соҳибкорону сохтмончиён метавонем то дараҷае сатҳи дастрасӣ ба барқи хушсифатро беҳтар ва талафоти онро коҳиш диҳем. Пешниҳод аз ҷониби иштирокчиёни мулоқот, ҳамчунин роҳбарияти шабакаҳои барқи марказӣ дастгирӣ ёфта, бо харҷи 495 ҳазор сомонӣ ба масофаи 4,5 километр хати нави барқи 10 киловолта кашида шуд.
       Сардори идораи шабакаҳои барқ дар шаҳри Ҳисор Мансур Файзуллоев тариқи нақшаи умумии шабакаҳои барқи шаҳраки Ҳисор меҳмононро бо лоиҳа ва амалӣ гардидани тарҳи мазкур шинос намуда, аз ҷумла маълумот дод, ки аҳолии шаҳраки Ҳисор дар имрӯз беш аз 31 ҳазор нафар буда, афзоиши табии аҳолӣ 2,7 фоизро ташкил медиҳад. Ҳоло дар шаҳр бахшида ба 35-солагии Истиқлолият бунёди 1625 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки 675 адади он ба шаҳраки Ҳисор рост меояд. Инчунин, тибқи нақшаи генералии шаҳр бунёди даҳҳо адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгир кардани марказҳои савдою хизматрасонӣ дар назар дошта шудааст, ки насбу васли боз 30 адад трансфарматори тавоноиаш 400 кВт-ро тақозо мекунад. Ин раванд моро ба он водор месозад, ки аз имрӯз чораҳои заруриро роҳандозӣ намоем ва иқдоми мазкур намунае аз таъбирҳое маҳсуб меёбад, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сари он андешаи саривақтӣ намудааст.
       Марҳилаи якуми корҳо дар ин самт ба анҷом расидааст ва пас аз анҷоми марҳилаи дуюму сеюм, ки алаккай оғоз гардидааст, биноҳои маъмурии давлатӣ, беморхонаи марказӣ, маркази саломатии шаҳрӣ ва иншооти муҳими дигар ба хатҳои нав васл гардида, сарбории трансфарматорҳое, ки аҳолӣ айни ҳол истифода мебарад кам мегардад ва ин иқдом сифати дастрасии аҳолиро ба барқ дар маркази шаҳрак то андозае беҳтар мегардонад.
       Дар мавод аксҳо аз лаҳзаҳои мулоқоти раиси шаҳр бо соҳибкорон, сафарҳои кории раиси шаҳр ба зеристгоҳи “Хонақоҳ” ва боздид аз маркази тақсимоти барқ дар зеристгоҳи мазкур истифода шудаанд.