Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

АРМУҒОНИ ШОИСТАИ МАЪНАВӢ

Бахшида ба 30-солагии фаъолияти сиёсиву далатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонкитоб бо номи “ Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни тоҷикон” ба ду забон, тоҷикӣ ва русӣ бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд интишор шуд. Китоб ба фаъолияти пурсамар ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Оғози фаъолияти ин сиёсатмадори ҷаҳонӣ ҳамчун Сардори давлат аз Иҷлосияи ХVI Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, он таърихи пурғановати мардуми сарбаланди кишварро, ки бунёдкориву созандагӣ асоси зиндагии онҳост инъикос менамояд. Мақолаҳои донишмандони маъруфи ватаниву хориҷӣ ифодагари корнамоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии мардуми Тоҷикистон мебошад. Муаллифони мақолаҳо дар нигоштаҳои худ самтҳои фаъолияти Пешвои миллатро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода, дар асоси мисолҳои мушаххаси таърихиву илмӣ нақши Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди тамаддуни тоҷикон баён кардаанд. Китоб идомаи силсилакитобҳоест, ки қаблан бо номи ”Тулӯи ҳақиқат” ва “Китоб сарчашмаи маърифат” интишор ёфта буд. Китоби “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни тоҷикон” бо ибтикор ва эҳтимоми Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар нашр гардида, мураттиб ва веростори он адабиётшинос Саидумрон Саидов мебошад. Он ҳадяи арзандаи идона ба ҷашнҳои бузурги милливу давлатӣ мебошад.
       Дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, ки 5 октябр дар шаҳри Ҳисор доир гардид мураттиби китоб адабиётшинос Саидумрон Саидов миқдоре аз китоби мазкурро ба раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, инчунин олимон, адибону рӯзноманигорон ва аҳли зиё, ки аз шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав ва Рӯдакӣ дар чорабинӣ иштирок доштанд, туҳфа намуд.