Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

КОРҲОИ ТАЪМИРУ ТАРМИМ ДАР ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИ “ҲИСОР”

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъмиру тармими трансфарматорҳо ва хатҳои интиқоли барқ дар чашмакҳои №6, №10, №11, №34-и зеристгоҳи барқи “Ҳисор” ва 9 чашмаки зеристгоҳи барқи “Хонақоҳ” ки шаҳри Ҳисорро бо барқ таъмин менамоянд корҳои таъмиру тармим бо сифати баланд идома меёбад.
Бо дастури раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва тибқи бандҳои протоколи машваратҳои кории раиси шаҳр аз 5 май ва 23 июни соли равон дар мулоқоти муштарак бо кормандони шабакаи барқ ва соҳибкорону сохтмончиёни шаҳр, ки бо мақсади пешгирӣ аз сербории трансфарматорҳо, талафоти барзиёди барқ ва садамаҳои эҳтимолӣ баргузор гардида буд, корҳои таъмиру тармим бо маром ҷараён дорад.
8 октябр дар зеристгоҳи марказии барқи “Ҳисор”, ки ҳанӯз соли 1968 бунёд гардида, қисме аз таҷҳизоти он аз меъёри муқарарӣ ду баробар зиёдтар хизмат карда фарсуда шуда буданд, таъмир сурат гирифт.
Бо ташаббуси роҳбари шабакаҳои барқи шаҳри Ҳисор Мансур Файзуллоев ва дастгирии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Душанбе 3 адад ворида (ввод -изолятор) дастрас гардида, аз ҷониби бригадаи таъмиргарони ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” бо роҳбарии муҳандиси Ҷамъият Зокир Раҳматуллоев таҳти назорати муҳандиси заводи истеҳсолкунандаи изолятор ООО “Масса”-и вилояти Москваи Федератсияи Россия насб гардид.
Тибқи иттилои мутахассисон ворида (изолятор)-и мазкур бо арзиши беш аз 1,5 миллион сомонӣ дастрас гардида, кафолати истифодаи он 25 солро дар бар мегирад. Пас аз насб гардидани изоляторҳо бо иштироки намояндаи заводи истеҳсолкунанда, он дар озмоишгоҳи баландшиддати сайёр, ки ба минтақаи мазкур оварда шудааст, ташхиси лабораторӣ гузаронида шуд ва як ҳафта ҳолати кори таҷҳизот зери назорати намояндаи завод қарор мегирад.
Иқдоми мазкур барои шабакаҳои барқи шаҳри Ҳисор рӯйдоди муҳим арзёбӣ гардида, барои пешгирӣ аз садамаҳои гаронарзиш мусоидат менамояд. Иваз намудани изоляторҳои қаблӣ, ки аз муҳлати хизмати муқаррариашон се даҳсола гузашта, дар ҳолатҳои номусоидии обу ҳаво ва ё садамаҳо дар хатҳои барқ имкони аз кор баромаданашон эҳтимол дошт ва ин ҳолат метавонист дастрасии аҳолиро соатҳои дароз зери суол бурда, ба мушкилӣ мувоҷеҳ созад, иқдоми саривақтии масъулони шабакаҳои барқи шаҳр арзёбӣ мегардад, ки бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор амалӣ шудааст.