Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ШАҲР

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ШАҲРИ ҲИСОР

Мавқеи ҷуғрофии водии Ҳисор

Водии Ҳисор бо қаторкӯҳҳои Ҳисор иҳота шуда, дарозиаш тақрибан 100 километр ва бараш то 24 километр мебошад ва дар баландии 720м-1180м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Масоҳаташ 11,9 ҳаз. км. мураббаъ  буда,  аҳолиаш беш аз 1,6 млн. нафар мебошад.

Шаҳри бостонии Ҳисор дар маркази водӣ, дар  қисмати ғарбии пойтахт – шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимтарини  Осиёи Миёна ба шумор рафта, аз қадимулайём бо обу ҳавои латифу мусоид, кӯҳҳои пурфайз, дарёҳои сероб, заминҳои зархез ҳама давр диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамуд. Одамон ҳанӯз  40-50 ҳазор сол қабл дар ин мавзеи бобаракат маскун шуда, ба зироаткорию чорводорӣ ва ҳунармандӣ машғул буданд. Дарёҳои Сурхоб, Хингоб, Кофарниҳон, Қаратоғ, Чангоб ва Элок  аз қаторкӯҳҳо ҷорӣ шуда аз ин водӣ мегузаранд.

Мавқеи ҷуғрофию табии шаҳри Ҳисор

Шаҳри Ҳисор дар ҷануби Тоҷикистон мавқеъ дошта, дар як қисми  водии Ҳисор ҷой гирифтааст. Масоҳати он 975,1 км. мураббаъ буда, аз қисмати шимол қаторкӯҳҳои Ҳисор (аз сатҳи баҳр то 3000 метр баландӣ дорад) ва аз ҷануб қаторкӯҳҳои Боботоғ (аз сатҳи баҳр 600-800, баъзе ҷояш то 1500 метр баландӣ дорад), иҳота кардаанд. Масоҳаташ 975,1 километри мураббаъ ва масофа аз маркази шаҳр то маркази  шаҳри Душанбе 26 километр мебошад. Шаҳр аз шимол бо   ноҳияи Варзоб, аз ҷануб бо ҷумҳурии Ӯзбекистон (аз наздикии кӯҳҳои Боботоғ), аз шарқу ҷануб бо   ноҳияи Рӯдакӣ, аз ғарб бо   ноҳияи Шаҳринав ҳамсарҳад аст. Иқлими он муътадилу континенталӣ, дар тобистон ҳарорати ҳаво  25-30, баъзан то 38-40 дараҷа гарм, зимистон 0-1, баъзан 5-10 дараҷа, дар кӯҳҳо то 10-15 дараҷа хунук, боришоти солона дар ҳамворӣ 600-700, дар кӯҳҳо 900 миллиметр мешавад.

Қаторкӯҳҳои Ҳисор дорои захираҳои канданиҳои фоиданок буда, сарватҳои зеризаминӣ ангиштсанг, фосфорит, оҳаксангу доломит (ашёи  хом барои саноати металлургӣ), лёсс (барои истеҳсоли  хишт), чашмаҳои   минералӣ  (Шоҳамбарӣ, Алмосӣ)  мавҷуданд. Дарёи Кофарниҳон ва канали калони Ҳисор аз ҳудуди шаҳр мегузаранд.

Дар кӯҳу пуштаҳо беш аз 200 намуд дарахтон ва буттаҳо мавҷуд буда, зиёда аз 1350 намуди растаниҳои хӯрданбоб ва гиёҳҳои доруворӣ мерӯянд. Олами ҳайвоноти Ҳисор бой ва гуногун буда 40 намуди ҳайвонот ва 20 намуд парандагон ва миқдори зиёди хазандагону ҳашарот мавҷуд мебошад.

Дар ҳамворию доманакӯҳҳо сангпушт, юрмон,  ҳар  гуна  мушҳо,  калтакалосҳо,  кӯрмор,  дар қаторкӯҳҳои Ҳисор  нахчир,  хирси малла,  хуки ёбоӣ, гург, рӯбоҳ, бузи кӯҳии сибирӣ,  шерпаланг,  гуроз, , шағол, суғури сурх, қашқалдоқ, харгӯш, ҷайра, хорпушт, далла, гурбаи қамишӣ, сагмор,  морҳои афъӣ, гурза ва  ғайра зиндагӣ мекунанд.

Парандаҳои шикорбоб  мурғи  ҳилол, кабки сангзор, кабки биёбонӣ, ҷиркабк, ғози кӯҳӣ, буданатазавр, инчунин булбули сиёҳ, акка, зоғ, майна, мусича, гунҷишк, эзорсурхак, саъба, уқоб, боша, бум, лошахӯр, калмурғ, курок, булбул, лойхурак, достак, кабутар, фохтак, қумрӣ, ва дар кӯлу дарёҳо  гулмоҳӣ,  ширмоҳӣ  ва  лаққамоҳӣ бештар вомехӯранд.

Дар кӯҳу доманакӯҳҳои Ҳисор садҳо намуд номгӯи дарахтон, арчаи зарафшонӣ, арчаи туркистонӣ, сиёҳдона, фарк,  зарранг, мушол, акатсия, сада, санҷид, қайрағоч, тӯғдона, бед, терак, себи кӯҳӣ, муруд, олуча, чормағз, дӯлонаи зард, дӯлонахирсак, шунг, сафедор, бодоми талхак, писта, хуч, хорбуттаҳо, ангури сагак, яхак, ерғай, шулаш, инчунин гулу гиёҳ ва растаниҳои шифобахш амсоли чукрӣ, сиёҳалаф, торон, зирра, чоқла, пиёзи анзур, татум, бия, раҳдавак, бобуна, пудина, чойкаҳак, зирк, амонқара, қоқу, ҷамилак, ров, рошак, бӯи модарон, шулха, барги зуф,  себарга, шачарасқул, гули хайрӣ, гулхор, мушхор, гӯшаки бузак, кавар, тахач, мармарак, модел, ҳазориспанд ва ғайраҳо мерӯянд.

Аҳолӣ

Ибтидои соли 1992 аҳолии Ҳисор дар якҷоягӣ бо минтақаи Шаҳринав 243700 нафарро ташкил медод. Баъди бо қарори Шӯрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон  аз 3 январи соли 1992 таъсис ёфтани   ноҳияи Шаҳринав  дар   шаҳри  Ҳисор 173 ҳазор нафар аҳолӣ монд.

Соли 2016, сокинони шаҳр  296 ҳазор нафарро ташкил карда бошанд, дар 1-январи соли 2022 аҳолии шаҳри Хисор ба 339 915 нафар расида, аз он 170 809 нафарашон занҳо мебошанд. Афзоиши табии солонаи аҳолӣ 2,8  %-ро ташкил медиҳад.  Мақомоти худидораи шаҳр аз 12 ҷамоати деҳот, 2 ҷамоати шаҳрак иборат буда, 193 деҳаю маҳалларо дарбар мегирад. Дар шаҳракҳо 51 102  нафар ва дар деҳот 288 813 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.

Мақоми идоракунии  шаҳр  Маҷлиси вакилони халқ буда, аз 40 вакил иборат аст. Ба кори ҳамарӯзаи шаҳр Мақомоти иҷроияи маҳалии шаҳр машғул аст. Роҳбарии Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияро тибқи Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳр ба зимма дорад.

Маълумоти таърихӣ

Водии Ҳисор яке аз вилоятҳои муҳими Таҳористони қадим буда, Тоҷикистони марказии имрӯзаро дар бар мегирад. Он аз минтақаҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Ваҳдат, Файзобод ва ҳавзаҳои дарёҳои  Сурхоб, Хингоб, Кофарниҳон,  Чангоб,  Элок, Ширкент, Қаратоғ, шохобҳои Варзоб ва дигар дарёҳо иборат буд. Тадқиқотҳои доимии шаҳрҳо ва бошишгоҳои то давраи мо расида, инчунин тадқиқотҳои стратиграфии баъзе минтақаҳо барои ба даврахо тақсим намудани ёдгориҳои бостонии водии Ҳисор истифода мешаванд.        Дар умум 363 ёдгорӣ ба қайд гирифта ва тавсиф дода шудааст, 153-тои он ёдгориҳои якқабата мебошанд, ки давраҳои гуногунро муайян менамояд: Ҳахоманишиҳо, Юнону Бохтар, Кушонӣ, аввали асрҳои миёна, асрҳои миёнаи тараққиёфта, охири асрҳои миёна, асрҳои давраи нав. Ғайр аз ин 81 ёдгорӣ қабатҳои мадание,  ки аз 2 то 5 давраро дар бар мегирад. Алҳол дар водии Ҳисор 194 ёдгорӣ ба давраи антиқа таалуқ дорад.

Дар давраи неолит (қарни санг, ҳазораи  VI-IV-и пеш аз мелод) водии Ҳисор хеле сераҳолӣ будааст, ки ба ин бошишгоҳҳои маснуоти шикорию  рӯзгор гувоҳӣ медиҳанд. Маданияти қарни неолитро олимон шартан маданияти Ҳисор ном бурдаанд, ки ёдгориҳои моддиашро бори аввал академик А. П. Окладников  дар теппаи Ғозиён кашф  намудааст. Ҳангоми ҳафриёт зиёда аз 680 осори давраи санг дарёфт шудааст.

Соли 2014 экспедитсияи омӯзишии Институти таърихи Академияи Илмҳо  дар қисмати шарқии Уштурхонаи қалъа гузаронида шуд, ки дар натиҷа масканҳои одамони давраи биринҷӣ бо тамоми маснуоти рӯзгордориаш дарёфт карда шуд. Ин бозёфтҳо ба нимаи дуюми ҳазораи сеи пеш аз мелод тааллуқ доранд.

Шаҳри Ҳисор дар асри ХII- то мелод ҳамчун маркази минтақаи заминдорӣ бунёд мегардад. Дар давраҳои минбаъда махсусан дар асрҳои VII-V-и то мелод ҳудуди шаҳрак то  85-90 га-ро дар бар мегирифт. Маданияти моддии ин давраро бостоншиносон дар ҳудуди Қалъа, Тӯпхона, Ғозиён, Хоки Сафед ва майдони Регистон кашф намудаанд.

Давраи Ҳахоманишиҳо (асрҳои VIIV то мелод).

Маълумоти пурра оиди ёдгориҳои ин давра вуҷуд надорад, ки он вақт Осиёи Миёна, ки  водии Ҳисор қисме аз он аст, дар ҳайати империяи бузурги шоҳони форси Ҳахоманишӣ буд. Сарҳади ин империя аз соҳилҳои баҳри Миёназамин то Ҳиндустон рафта мерасид. Аз ҳаёти сиёсии халқҳои Осиёи Миёна, ки зери ҳукмронии шоҳони форс буданд, маълумотҳо дар нашрияҳо роҷеъ ба ин мавзуъ  мавҷуданд. Дар ин ҷо мо танҳо аз баъзе ёдгориҳои бостонии водии Ҳисор, ки пурра омӯхта шудаанд, ёдоварӣ намудем.

Давраи Юнону Бохтар (асрҳои IIIII пеш аз мелод).

Дар натиҷаи лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ давлати Ҳахоманишиҳо аз байн рафт. Ба Осиёи Миёна тудаи нави мардуми юнонӣ, аз ҷумла савдогарон, ҳунармандон, меъморон, собиқ сарбозон ворид шуданд, ки барои дохил шудани маданияти юнонӣ мусоидат намуданд, ба монанди иншоотҳои фортификатсионӣ, маданияти шаҳрсозӣ, хаттотӣ, санъат ва ҳунармандӣ. Ин раванд маданиятӣ синкретиро ба вуҷуд овард, ки асосаш аз омезиши маданияти маҳаллӣ, ба монанди бохтарию  суғдӣ ва юнонӣ иборат мебошад. Дар водии Ҳисор як қатор шаҳру шаҳракҳои бостонии давраи Юнону Бохтар  ҳастанд, ки дар марҳилаи омӯзиш қарор доранд. Шаҳри қадимаи Душанбе бо қабристонаш, қалъаи Золи Зар, Чоркуҳ, қалъаи Ҳисор, шаҳраки қадимаи Хоки Сафед, Чимқурғон ва Оққурғон аз ҷумлаи инҳост. Омезиши ин се компонент ба ташаккули ядрои этникии бохтариҳои қадима, аҷдодони халқи тоҷик оварда расонидааст.

Давраи Кушониён (нимаи асрҳои III то мелод ва VI мелодӣ).

Давлати Юнону Бохтар бо сабаби ҷангҳои дохилӣ заиф гардида, дар асри II то мелод баъд аз 150 соли ҳукмронӣ аз тарафи қабилаҳои  муттаҳидшуда, ки якеашон бо номи Тахориён машҳур буд,  чиниҳо онҳоро «Юедҷӣ» меномиданд,  дар қисмати шимолу шарқии Осиёи Миёна, дар наздикии манотиқи Гунҳо,  (дар минтақаи Муғулистон)  иқомат доштанд, тасарруф  шуд. Дар Бохтар Юедҷиҳо бо фарҳанги волои давлатдорӣ рӯ ба рӯ шуда, бо аҳолии маҳаллӣ омезиш ёфтанд ва фарҳанги моддию маънавии онҳоро қабул намуданд. Дар натиҷаи иттиҳоди сиёсии онҳо яке аз давлатҳои абарқударати он замон – Империяи Кушониён ба вуҷуд омад. (Б. Ғафуров 1968).

Давраи аввалҳои асрҳои миёна (асрҳои VVIII).

Дар Осиёи Миёна ин давраи муносибатҳои феодалӣ буда, санъати меъморӣ, шаҳрсозӣ ва истеҳкомот (фортификатсия) боло рафта буд. Таърихи сиёсии ин давра бо ҳодисаҳои печ дар печ, ҷангҳои бепоён, махсусан ҳуҷуми кучманчиёни ҳайтолӣ, туркҳо ва Эрони Сосонӣ тавсиф меёбад. Ба ҳар ҳол, дар ин давра иқтисодиёт, обёрӣ, бинокорӣ тараққӣ ёфта буд. Давраи аввалҳои асрҳои миёнаро ёдгориҳои зерин муаррифӣ менамоянд: Қалъаи Кофарниҳон, Чоргултеппа, Шишихона, бошишгоҳи Харкуш ва бисёре аз дигарон.

Асрҳои миёна ( асрҳои IXXII)

Осиёи Миёна дар ин давра ба ҳуҷуми арабҳо дучор гардид, ки боиси дигаршавии маданияти халқ, ҳамаи расму оинҳо ҳатто сохтори зиндагии рӯзмарраи онҳо шуд, ба ибораи дигар аз ҳамон вақт сар карда дар таърихи водии Ҳисор давраи мусулмонӣ сар шуд. Дар давраи ҳукмронии Сомониён водӣ як қисми аввалин давлати тоҷикон – Сомониён шуд ва баъдан баъд аз барҳам хурдани давлати Сомониён, водӣ дар ҳайати як қатор, сулолаҳои  аксаран туркнажод буд, ба монанди Ғазнавиён, Салҷуқиён, Қарахониён ва давлати тоҷикон Ғуриён. (Б. Ғафуров 1972).

Муносибатҳои феодалӣ дар ин давра дар Осиёи Миёна тараққӣ ёфта мустаҳакам шуд. Аз минтақаҳои дур корвонҳо ба водии Ҳисор меомаданд, ки боиси беҳтар шудани зиндагии сокинони шаҳр ва баландравии иқтисодиёту фарҳанг шуд.

Охирҳои асрҳои миёна (асрҳои XIVXVI)

Темур дар водии Ҳисор ҳокимияти  Улуси Чағатойро пароканда менамояд. Водии Ҳисорро дар асрҳои XIV-XVI  Темур ва ворисони ӯ идора менамуданд. Дар ин давра муносибатҳои феодалӣ, дар Осиёи Миёна ба авҷи аъло расид. Дар замони Темуриён вазъияти хоҷагии қишлоқ,  ки дар натиҷаи ҳуҷуми муғулҳо ба харобазор табдил ёфта буд, беҳтар гардид. Дар охири асри XV ва аввали асри XVI шароити зиндагии шаҳр хуб шуда, ҳунармандӣ ва тиҷорат тараққӣ меёбад. Дар даврони Темуриён шаҳри Ҳисор маркази кишваре аз болооби дарёи Аму то қаторкуҳҳои Ҳисору Ҳиндукуш мешавад, ки дар гузашта бо номҳои Бохтару Тахористон машҳур буд. Сабаби марказ шудани шаҳри Ҳисор дар он буд, ки маркази пешинаи ин манотиқ шаҳри Балх дар нимаи аввали асри XIV аз тарафи муғулҳо пурра вайрон шуда буд.

Давраи нав (асрҳои XVIIXIX)

Дар оғози асри XVI қабилаҳои нави кӯчӣ ба Осиёи Миёна ҳӯҷум намуда дар ноҳияҳое, ки зери  ҳукмронии Темуриён буданд, давлатҳои худро ба вуҷуд  меоранд. Хонигарии Бухоро яке аз бузургтарини ин давлатҳо буд. Сулолаҳои Шайбониён, Аштархониён ва Манғит пай дар пай водии Ҳисорро идора мекарданд. Дар хонигарии Бухоро Ҳисорро ҳокимон мустақилона ё ниммустақил ҳукмронӣ мекарданд, танҳо соли 1870 Ҳисор пурра ба ҳайати Бухоро даромад. Таъсири ҳамаи воқеаҳое, ки дар хонигарии Бухоро рух медод ба Ҳисор ба дараҷаи муайян мерасид. Дар охири ин давра  шумораи аҳолии водии Ҳисор ба зиёда аз 180 ҳазор расид (Лилиентал, 1894). Шаҳрҳои асосӣ Регар, Қаратоғ, Ҳисор, Душанбе, Кофарниҳон (Навбозор), Золи Зар, Чуянгарон ва дигарон буданд. Шаҳраки Шаҳринав, бошишгоҳи қадимаи Чузӣ, дар қисми ҷанубии қаторкуҳи Ҳисор, дар дараҳо бошишгоҳои калон ба мисли: Хонақоҳи Кӯҳӣ, Нилу, Арақчин, Симиганҷ, Харангон ва дигарон буданд.

Тамаддуни Ҳисор ин ядрои Тоҷикистони имрӯза буда, бо ёдгориҳои гуногун аз асри санг то асри XX, дар ҳаёти таърихӣ ва фарҳангии кишвар ҷои муҳимро ишғол менамояд.

Ҷашнгирии З000-солагии тамаддуни Ҳисор ва дохил кардани он дар рӯйхати ҷашнҳои ЮНЭСКО имконият дод, ки фаҳмиши миллати тоҷик нисбат ба таърихи хеш ва саҳми он дар тамаддуни инсоният мукаммал шавад. Ин рӯйдоди таърихӣ боиси гузаронидани корҳои тадқиқотӣ, ҳафриётӣ, азнавсозӣ ва таъмири ёдгориҳои таърихӣ  шуд.

Дар водии Ҳисор бостоншиносон  намунаи асбобҳои маданияти моддии  қадимтарини одамонро дарёфт намудаанд.

Дар давраи неолит (қарни санг, ҳазораи  VI-IV-и пеш аз мелод) водии Ҳисор хеле сераҳолӣ будааст, ки ба ин бошишгоҳҳои маснуоти шикорию  рӯзгор гувоҳӣ медиҳанд. Маданияти қарни неолитро олимон шартан маданияти Ҳисор ном бурдаанд, ки ёдгориҳои моддиашро бори аввал академик А. П. Окладников  дар теппаи Ғозиён кашф  намудааст. Ҳангоми ҳафриёт зиёда аз 680 осори давраи санг дарёфт шудааст.

Экспедитсияи омӯзишии Институти таърихи Академияи Илмҳо бо роҳбарии номзади илмҳои бостоншиносӣ Т. Филимонова дар қисмати шарқии Уштурхонаи қалъа гузаронида шуд, ки дар натиҷа масканҳои одамони давраи биринҷӣ бо тамоми маснуоти рӯзгордориаш дарёфт карда шуд. Ин бозёфтҳо ба нимаи дуюми ҳазораи 3-и пеш аз мелод тааллуқ доранд.

Шаҳри Ҳисор дар асри ХII- то мелод ҳамчун маркази минтақаи заминдорӣ бунёд мегардад. Дар давраҳои минбаъда махсусан дар асрҳои VII-V-и то мелод ҳудуди шаҳрак то  85-90 га-ро дар бар мегирифт. Маданияти моддии ин давраро бостоншиносон дар ҳудуди Қалъа, Тӯпхона, Ғозиён, Хоки Сафед ва майдони Регистон кашф намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар давраи тараққикардаи кушониён майдони шаҳрак  426 га-ро ташкил менамуд, ки шаҳри калони он давра ба шумор мерафт. Дар атрофи он, дар масофаи то 4-8 км. шаҳракҳои истеҳсолӣ воқеъ буд. Масалан, дар ҳудудҳои деҳаи Оқулӣ,  Иттифоқ, Тӯпхона, Бӯстон, Дурбад, Илич , Шарора, Лангар, Кӯҳнабой, Мортеппа, Ғӯриёт, Қаҳрамон, теппаҳои хурду калон мавҷуд аст, ки далели мавҷудоти  шаҳракҳои давраи антиқӣ  мебошад.  Аз ин лиҳоз аҳолии атрофи шаҳраки Ҳисор дар мавриди корҳои кишоварзӣ, аз майдони заминҳои деҳаҳои дар боло зикршуда пораҳои зарфҳои кулолӣ,  олотҳои фулузотӣ дарёфт менамоянд

«Ҳисор» дар луғатҳои тафсирӣ ба маъниҳои иҳоташуда, қалъа, ҷои мустҳакам, девори даври қалъа омадааст. Мафҳумоти зеринро гирифтани ин водии зархез дар қалби қаторкӯҳҳо доман паҳн кардани он ва вуҷуд доштани қалъаи мустаҳкам собит месозад. То асри XV ин диёри зархезро, ки қаламрави салтанатҳои гуногун буд, бештар бо номҳои «Шумон» ё «Шомон» ном мебурданд. Сюан Тсзян соли 630-и мелодӣ ба Осиёи Миёна сафар карда, дар бораи «Тахористон» менависад. Ин мамлакат аз 27 ҳокимигарӣ иборат буда, аз ҳама ҳокимигариҳои калонтарини ин мамлакат Чағониён, Шумон, Аҳорун, Хуталон ва Термез мебошад.

Ҷуғрофиянависони асрҳои аввали Ислом навиштаанд, ки яке аз шохаҳои «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим»  қад-қади дарёи Сурхоб аз ҳудуди Фалғор (Фалғар) гузашта ба Хулбук баъд ба Мунк, аз онҷо ба Балҷувон, аз Балҷувон ба Кангурт, аз Кангурт ба пули Сангин, яъне аз дарёи Вахш гузашта ба Вашгирд, аз Вашгирд ба Аҳорун баъд ба Шумон, аз Шумон ба Чағониён, аз Чағониён ба Термез, ҳудуди Тахористонро мегузашт

Чунончӣ, сайёҳи чинии асри VII-и мелодӣ Сюан Тсзян дар сафарномааш менигорад, ки «Хонигарии Шумон аз ғарб то шарқ ба масофаи чоршабонарӯз роҳ, аз ҷануб то шимол ба масофаи душабонарӯз роҳпаймоӣ тӯл мекашад. Дар он ду дайри буддоӣ вуҷуд дорад».

Ҷуғрофияшиноси асри X ал-Муқаддасӣ менависад, ки «Шумон»-и замони ӯ «уммаҳот», яъне «модаршаҳр» аст. Ал-Муқаддасӣ бо сабаби ободию бузургиаш модари шаҳрҳои ин минтақа шуморидааст. Аввалин  маротиба номи «Ҳисор» ва «Ҳисори Шодмон» дар асари муаррихи дарбори сулолаи темуриён Алии Яздӣ «Зафарнома» зикр ёфтааст.

Ҳисор дар ҳама давраҳои таърих, аз давраи қадим то давраи асрҳои миёна ҳамчун  шаҳри тараққикарда, маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, савдоӣ ва мадании водии Ҳисор ба шумор мерафт. Дар сарчашмаҳои таърихии чинӣ оиди Тахористон маълумотҳои нодир дода шудааст. Гуфта мешавад, ки дар назди ҳар як шаҳр, маркази минтақаҳо, ибодатхона ё ин ки  саҷдагоҳҳои бошукуҳ бо роҳибони сершумор амал мекарданд. Дар назди шаҳри Ҳисор низ ибодатхонаи буддоӣ мавҷуд буд. Аз навиштаҳои сайёҳи чинӣ Сюан Тсзян бармеояд,  дар шаҳри Ҳисор, ки он вақт Шумон ном мебурданд  ду дайри Буддоӣ вуҷуд доштааст. Ҳуҷраи ғории аз поякӯҳи деҳаи Бӯстон (Ҷангал) дарёфтшуда ҳаҷман калон буда,  мумкин аст барои роҳибони буддоӣ ҳамчун  «катхика-сала»_-суҳбатгоҳ    истифода бурда  мешуд.  Тахмин дар ин ҳуҷраи ғорӣ зиёда аз 100 нафар роҳиб ё худ саҷдакунандагон ҷойгир шуданаш мумкин аст. Дар охири ғор болои суфаи начандон васеъ ва баланд муҷассамаи Буддо ё худ олотҳои муқаддасотӣ гузашта мешуданд.

Сокинони деҳа  аз поякӯҳ барои сохтани хона хок гирифта хишт мерезанд, инчунин аҳли деха барои  корҳои  сохтмонӣ аз ин ҳудуд бо булдозер хок канда истифода мебаранд. Дар мавриди бо булдозер кандани хок ғори сунъӣ кушода мешавад. Сокинони деҳа Муродов Раҳматулло ва Абдуллоев Лутфулло  ба кормандони мамнӯъгоҳ хабар медиҳанд. Гурӯҳи кормандони мамнӯъгоҳ барои  муайян намудан, аз он дидан намуданд. Дар натиҷа маьлум гардид, ки ғори сунъӣ дар пояи адир сохта шуда, даромадгоҳаш аз тарафи ғарбӣ ҷойгир буда, васегиаш  4,5м, баландиаш 2,4-2,5м., дарозии боқимондааш 33м., дар охири ғор суфаи баланду начандон васеъ (40-50см).ҷой дода шуда буд. Он барои гузоштани ҷиҳоз ё худ чароғ истифода бурда мешуд. Девори ғор хеле ҳамвор буда, шифти он аркмонанд сохта шудааст. Қисман сатҳи девори ғор хароб шудааст.  Сатҳи фарши ғор бо хокҳои рехта пӯшида шуда буд. Тахмин кардан мумкин аст, ки фарши ғор бо гаҷ қисман рӯйпуш  ва фарши он як  чанд маротиба тармим шуда бошад. Болои  фарш назди девор  боқимондаи нимсӯхтаи чӯб, хокистар, кулухҳои сӯхта муайян карда шуд.  Бо сабаби кандани адир ки 23 метрро ташкил медиҳад даромадгоҳи ғор вайрон гардида буд, агар ҷойи кандагиро ба инобат гирем, дарозии ғор мумкин аст 56 метрро ташкил медод. Баландии ғор аз сатҳи майдон дар баландии  18-20 метр воқеъ буд. Ин ғор ягона набуда,аз паҳлуи шимолии он дар масофаи 8-10 метр суроби ғори дигар мушоҳида карда мешуд, ки соли 2010 кашф гардид.

Аз соли 705 то соли 708 барои тасарруфи шаҳри Шумон, Қутайба ибни Муслим муваффақ нашуд ва танҳо соли 709 ба ӯ муясар шуд , ки дар байни  қабилаҳои турк ва суғдиён иғво андохта, вазъияти арабҳоро беҳтар кунад. Подшоҳи Суғд Тархун бо Қутайба сулҳ баст. Аз фурсат истифода бурда, бо қувваи ашрофони маҳаллии Хуросон, ҳокимони Балху Чағониёнро ба тарафи худ кашид. Соли 710 ба Қутайба муяссар гардид, ки баъди ду моҳи муҳосира Шумонро тасарруф намояд. Ҳокими Ҳисор Низак (Гуштаспон) тамоми дороӣ, зару зевари худро ба дасти душман намонад гуфта, ба чашмаи бетаги Аскархона партофт.

Мувофиқи навиштаи Салоти Масъудӣ аз тарафи Қутайба ибни Муслим, дар гузари Кӯлоҳдӯзони шаҳри Ҳисор нахустмасҷид бо номи Масҷиди Сангин  бунёд карда шуд. Манора ва ду пешайвони масҷид бошад , дар асри  XIV сохта шуда аст.

Шаҳри Ҳисор то инқилоби Октябр маркази Бухорои Шарқӣ ба шумор мерафт. Соли 1924 назди дарвозаи Арки Ҳисор эъломияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистонро хонданд ва Душанбе марказ эълон карда шуд. Шаҳри асримиёнагии Ҳисор дар масофаи 10 км бо девор ва хандақи васеи пур аз об иҳота  шуда буд. Шаҳр чор дарвоза дошт. Дарвозаи ҷанубӣ «Шакарӣ» ном дошт, зеро дар ин қисмат  одамони ба қаннодӣ машғулбуда зиндагонӣ мекарданд. Дарвозаи  ғарбии шаҳр ба хотири шафати дарёи Чангоб буданаш, «Чангоб»  номгузори шуда, дарвозаи шимолу шарқӣ «Чашмаи Моҳиён», ба хотири  «Чашмаи Моҳиён» ва  қисмати шарқии шаҳр бошад, дарвозае будааст, бо номи дарвозаи «Хоки Сафед», алоқаманд ба номи теппаи Хоки Сафед буд. Баландии девори атрофи шаҳр 5-8 метр, паҳноии он 4-5 метрро ташкил медод, ки миршаб бо аспу ароба болои девор гашту-гузор намуда, атрофи шаҳрро назорат мекард.

Қалъаи Ҳисор пайваста ҳадафи ҳуҷуми истилогарон қарор мегирифт. Ҳафриётчӣ Павел Самойлик девори қисмати рости Аркро буриши калоне карда, дар мағзи он гулулаи калони нағз тарошидаи сангинро дарёфт намудааст, ки он аз манҷаниқи истилогарони араб партоб карда шудааст.

Афсари армияи подшоҳии рус подпоручик Литвинов манзараи қалъаи Ҳисорро чунин ба қалам медиҳад: «Баландии девори қалъа аз теппаи фарозаш 3-5 метрро ташкил намуда, кунгурадор мебошад. Тоҷикон барои сохтмони болохона ва меҳмонхона албатта нуқтаи баландтаринро интихоб менамоянд, ки аз он уфуқи дуртаринро дидан мумкин бошад. Дар ин бобат нуқтаи баландтарини қалъаи Ҳисор қасри ҳокимнишин (идеал, олӣ) мебошад. Аз ин фароз тамоми қалъа, шаҳр, девори атрофи он, чор манораи дидбонгоҳ, ҷараёни дарёи Чангоб, қисмати рӯдхонаи Кофарниҳон, бархи қитъаи водии бузурги Ҳисор ва охиран кӯҳи Боботоғ, умуман атрофи тамоми шаҳрро бо ҷузъиёташ назора кардан мумкин аст».

Дар ду тарафи дарвозаи асосии арк ду бурҷи баланди мудаввар қад афрохтаанд, ки ғафсии деворҳояшон зиёда аз як метр мебошад.  Бурҷҳо ҳаштогӣ тиркаш доранд. Дар ду тарафи пешоруи дарвоза суфаҳои калон мавҷуданд, ки дар ин ҷо тӯпҳо меистоданд. Баъди аз дарвозаи Арк гузаштан дар ду тарафаш қаровулхонаҳоро мебинем. Пас аз убури миёнсарои дар самтҳои чапу рости Арк ду хоктудаи азим ба чашм мерасанд. Дар ин ҷо зиндонҳо будаанд. Дар яке аз ин зиндонҳо сарвари шӯриши машҳури халқӣ бар зидди золимони манғит, ҷувозкаши балҷувонӣ–Восеъ ҳангоми ба Шаҳрисабз барои қатл бурданаш маҳбус буд. Дар тали баландтарини тарафи рости қалъа қароргоҳи ҳоким буд. Қисмати ғарбии начандон баланди қалъаро «Уштурхона» ном мебурданд. Дар ин ҷо аспу уштурҳоро нигоҳ медоштанд. Дар қисмати шимолии қалъа майдони мудаввар воқеъ мебошад, ки «Аскархона» ном дошт. Аз Аскархона чашмаи обе заҳида мебарояд.

Дар қисмати ғарбии Аскархона дарвозае будааст ва аз ин ҷо ба дохили қалъа озуқаворию молҳои хоҷагӣ ворид мекардаанд. Болои қалъа се масҷид, атрофи қалъа бисту як масҷид ва панҷ мадраса вуҷуд дошт.

Ҳунармандӣ дар шаҳри бостонии Ҳисор.

Шаҳри Ҳисор дар асрҳои XVI-XIX маркази сиёсию иқтисодии Бухорои Шарқӣ ба ҳисоб мерафт. Амири Бухоро яке аз фарзандон, ё ин ки яке аз наздиконашро ҳокими Ҳисор таъин менамуд. Дар Ҳисор ҳунармандӣ ниҳоят тараққӣ қарда буд. Ҳисор яке аз марказҳои калони қадимии матои абр,  алочаи абрешимӣ ва нимабрешимӣ ба шумор мерафт. Алочаҳо бо номҳои абрӯи сиёҳ, чашми кабк, пусти мор, зинапоя, дарахти гуногуншакл, нақши доираи калон-лаълинусха, нақши каҷаки дутарафа-думи шер номбурда мешуданд.

Яке аз хелҳои паҳншуда ва қадимии санъати мардуми   Ҳисор кулолӣ,  мисгарӣ, заргарӣ ва кандакорӣ мебошад, ки ба намунаҳои онҳо дар ин водӣ бисёр вохурдан мумкин аст. Дар хотироти саёҳони ба Ҳисор ташрифоварда,  махсус ба ҳунари дастии ҳунармандони ҳисорӣ – алоча, корд, шамшеру сипар, ки  дар Осиёи Миёна ва чӣ берун  аз он маълуму машҳур буданд, баҳои баланд дода шудааст.

Дар пойгоҳи қалъа,  яъне дар майдони Регистон бозори калони Ҳисор воқеъ будааст. Яке аз роҳҳои маркази «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» аз Ҳисор мегузашт.

Хотироти сайёҳҳон, муҳаққиқон доир ба шаҳриҲисор

Сайёҳҳон, муҳаққиқон ва савдогарони зиёде  аз мамолики гуногуни Осиёву Аврупо ба Ҳисор ташриф оварда, дар хотироти хеш доир ба шаҳри Ҳисор ёдовар шудаанд.

Сайёҳ-муҳаққиқи намоён Габриел Бонвало аз Фаронса, муаррихи  машҳури маҷорӣ Армений Вамбери, сайёҳ муҳаққиқи амрикоӣ Рафаел Пампелли, муҳаққиқи немис А. Регел маълумотҳои дақиқе дар дастхатҳои худ доир ба ёдгориҳо ва биноҳои Ҳисор навиштаанд. Аз ҷумла, Габриел Бонвало соли 1889 дар китоби худ «Аз Қафқоз то Ҳиндустон тавассути Помир»-ҳолати қалъаи Ҳисорро тасвир кардааст. Махсусан ҳолати бозори Ҳисор васеъ нишон дода шудааст. «Дар бозор ғайр аз молҳои маҳаллӣ, матоҳои гуногун, гугирд, тугмаву сӯзанҳои ҳархелаи аз Русия овардашуда, инчунин матоъҳои истеҳсоли ҳунармандони англису фаронсавӣ, молҳои Ҳиндустону Чин хеле фаровон вомехӯрад».

М. С. Андреев аз ҷумла бозори шабҳангоми Ҳисорро чунин тасвир кардааст: «Шабҳангом, вақте ки осмони Ҳисор ситоразор шуд, мо дар болохонаи чойхонаи марказии Ҳисор нишаста бозори шабро назора мекардем. Дар майдони бузурги бозор хурмаҳои калони кунҷитдошта машъалафрӯз буда, атрофро рӯз барин равшан мекарданд. Дар ин ҷо инчунин чанд нафар навозанда бо нағораву даф (дойра) ва сурнай менишастанд. Тамошогарон зич давра шуда, чой менӯшиданду бо нидоҳои шодиомез маҳорати ромишгаронро таҳсин мекарданд.

-Солҳои пешин, ҳатто рӯзҳои моҳи рамазон ба шаҳр киночиён масхарабозон (сирк)-ро даъват мекарданд.».

Ба ақидаи афсари армияи рус капитан Лилиентал аҳолии ҳокимигарии Ҳисор дар асри XIX 170 ҳазорро ташкил медодааст. Аскархонаи Ҳисор бо 400 сарбоз ва 11 тӯп яке аз гарнизонҳои калонтарини Бухорои Шарқӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар таҳқиқоти муҳими географӣ таърих ва ёдгориҳои водии Ҳисор саҳми  олимон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм зиёд аст. Аввалин олим, ки дар бораи муҳити ҷуғрофӣ ва ҷойгиршавии шаҳри Ҳисор саҳм гузошта, маълумоти саҳеҳ додаст, Маев Н.А ба шумор меравад. Липский, Лилиентал, Минаев, Покатило, Хаников дар водии Ҳисор таҳқиқотҳои иқтисодӣ-ҷуғрофӣ гузаронида, дар ҳисоботҳои худ оиди шаҳрҳо, деҳаҳо, ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии аҳолӣ, таърих ва ёдгориҳои водии Ҳисор маълумотҳо овардаанд. Омӯзиши водӣ аз солҳои 80- уми асри XIX оғоз гардида, дар солҳои 20-30 юми асри XX баъди барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳаматарафа вусъат меёбад. Андреев шарқшинос-мардумшинос соли 1925 дар бораи ёдгориҳои меъмории шаҳри Ҳисор таҳқиқотҳои омӯзиширо оғоз намуд. Ӯ аввалин шуда харитаи ёдгориҳои бостонии водии Ҳисорро тартиб дода, дар тӯпхона-никрополи шаҳри Ҳисор ҳафриёт мегузаронад. Дар натиҷа мавҷудбудани қабатҳои мадании  давраи биринҷӣ ва антиқаро дастрас менамояд.  Дар  шаҳраки Ҳисор олимони муосир бо сарварии Б.А. Литвинский ҳафриёт гузаронидаанд. Дар тӯпхона Бубнова М.А., Салтовская Евгений  Дмитриевна, В.И.Соловёв дар солҳои гуногун ҳафриёт гузаронидаанд. Баъди таъсисёбии Мамнӯъгоҳи  таърихию фарҳангии Ҳисор корҳои васеи таҳқиқотӣ дар ҳудуди  Регистон, Қалъаи Ҳисор ва қисматҳои  гуногуни шаҳр   гузаронида мешавад. Мақсади ин ҳафриётҳо муайян намудани қабатҳои маданӣ ва тармими иншоотҳои меъморӣ равона карда шуда, дар омӯзиши  он саҳми олимон Атахонов Т.М.,Самойлик П.Т, Абдуллоев А. беҳамтост. Дар омӯзиш ва барқароркунии ёдгориҳои меъмории мамнӯъгоҳ  меъморон таҳқиқотчиён  Брагинский, Ҳасанов З., Брус Н. ,Н. Репин, Хворих. Т., Валиев Н., Мирзоқулов А. саҳм гузоштаанд. Дар рушд ва ташакулли мамнӯъгоҳи Ҳисор роҳбарони он Додарҷонов Э, Ҳасанов З., Неъматов, Н.Н., Ҳасанов Р.,Ҷураев А., Қаюмов А.,Ҳамроев Ф. ва Ҷобиров З. кушишҳои зиёд ба харҷ додаанд.

«Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии  Ҳисор» осорхонаест зери фазои кушод ва қимати беҳамтои таърихӣ, бостонӣ ва меъмориро бархурдор аст.

Мамнӯъгоҳ бо қарори махсуси ҳукумат соли 1982 арзи вуҷуд кардааст. Имрӯз ҳудуди 22 гектарро доро буда, дар қитъаи зебоманзари  водии Ҳисор воқеъ гардидааст. Ин марз бостонист ва зиёда аз 3000-сол қабл  инҷо маркази тамаддуни волое арзи ҳастӣ дошт. Ёдгориҳои таърихию меъморие, ки то ба имрӯз симои аслии хешро маҳфуз доштаанд, бунёдашон аз қарни XI-и пеш аз мелод оғоз гирифта, то садаи XIX думбола мегирад. Майдони Регистонро ду мадраса, Кӯҳна ва Нав, корвонсарои Хиштин, дарвозаи Арк, девори мудофиавии Ҳисор ва Таҳоратхона иҳота кардааст.    Дуртар аз майдони Регистон дар қисми ҷанубӣ мақбараи Махдуми Аъзам, дар қисмати ҷанубу шарқӣ масҷиди Сангин, масҷиди Одина,  масҷид ва мадрасаи Чашмаи Моҳиён воқеанд.

Муаррих Ш. Т. Юсуфов ҳангоми омӯзиши архиви қушбегии Ҳисор бо феҳристи биноҳои Ҳисори асримиёнагӣ вохӯрд. Дар он номи 5 мадраса зикр карда мешавад, ки яктоашро ба исми «Чашмаи моҳиён» тавсиф менамоянд. Дар рафти кори ҳафриётӣ дар мавзеи «Чашмаи моҳиён» тарҳи мадраса маълум гардида, археологҳо буньёди онро ба асри XIV-XV нисбат медиҳанд.

Этнограф ва шарқшиноси рус М. С. Андреев тавассути пурсуҷӯй муайян намуд, ки мадрасаи Кӯҳна дар охири асри XVI  бино ёфтааст.

Мадрасаи Кӯҳна аз сохти анъанавӣ баъзе фарқиятҳо дорад: қаноти рости биноро пурра масҷид бо пешайвонаш ишғол намуда, дар қаноти чап дарсхона вуҷуд дорад. Вазифаи дарсхонаро чор ҳуҷраи масоҳати ҳар яке 16 метри мураббаъ иҷро менамоянд, ҳуҷраҳои боқимонда 13 метри мураббаъ мебошанд. Мадрасаи дорои 31 ҳуҷра буда, масоҳати умумии майдони бино 2550 метри мураббаъро ташкил менамояд. Ҳар ҳуҷра аз бухорӣ  (оташдони деворӣ), тоқчаҳои китобу зарфмонӣ иборат буда, бомаш гумбазмонанд (балхӣ) мебошад.

Мадрасаи Нав баъди 50 соли буньёди Мадрасаи Кӯҳна сохта шудааст, яъне дар нимаи дуввуми асри ХVII. Абдуҳалим Раҳимов таърихи сохтмони Мадрасаи Навро чунин гуфтааст: -«як оими  (зани олитабори) савдогари қӯқандӣ  барои савдо ба Ҳисор меояд. Аз табиат, обу ҳавои Ҳисор мафтун шуда, барои сохтмони Мадрасаи Нав пул иона (тӯҳфаи хайрия) мекунад». Мадраса дорои 28 ҳуҷра, ки аз ин 21-тоаш дар ошёнаи якум, 7-тоаш дар ошёнаи дуюм ҷойгир шудааст ва як масҷиду як синфхона мебошад.

Шоироне, ки мадрасаҳои Ҳисорро хатм кардаанд:

Низомиддин бинни Яъқуб–ул-Ҳисорӣ, Биҳиштии Ҳисорӣ, Муҳаббати Ҳисорӣ, Хоҷа Абдураҳим ибни Хоҷа Абдураҳмони Ҳисорӣ, Қудсии Ҳисорӣ (Ҷомии Сонӣ), Ҷомии Ҳисорӣ, Хоксорӣ, Шоҳӣ, Мавлоно Хиргоҳӣ, Фавқии Ҳисорӣ (Мискин), Тошхоҷаи Ирсӣ, Саидҷони Ҳисорӣ, Мирзо Олимҷони Ҳасрат, Мирзо Мункӣ, Мирзо Мурассаъ, Фориғи Ҳисорӣ, Парии  Ҳисорӣ, Мулло Исои Бадахшони (Мавзун), Мулло Муҳаммадшарифи Ғамгин, Имомиддини Банда, Мулло Азимқули Холӣ, Домулло Хоҷимуроди Розӣ, Қозӣ Комили Комил, Музмари Ҳисорӣ, Ҳазинии Ҳисорӣ, Хатиби Ҳисорӣ, Мавлоно Ушшоқи Ёвқутчии Ҳисорӣ, Ҷазбии Ҳисорӣ, Дабири Ҳисорӣ, Бисмили Ҳисорӣ, Авлиё Ҳусайни Дарвозӣ мутахаллис ба Мағмуми Бадахшонӣ ва ғайра.

Олимони  ба монанди, Собир Сайқалии Ҳисорӣ, Домулло Бердиқул, Мавлоно Юсуфи Кангуртӣ, Мавлоно Абдулҳай ибни Хоҷа Чокари Ҳисорӣ, Мавлоно Абдурасули Кубодиёнӣ, Мавлоно Юсуфбой, Мавлоно Муҳиддини Ҳисорӣ  (Абдулазиз), Рабии Саъдулло, Мавлоно Холмуҳаммади Кулобӣ (Халифаи Шаҳид), Миён Убайдуллоҳ, Мавлоно Шайх Нуриддин (Соҳибнафас), Мавлоно Закариёи Симиганҷӣ, Домулло Муҳаммад Шариф, Домулло Насриддин, Мавлоно Қудбиддин (Махсуми Бемалол), Муфтии Сангинмурод, Эшони Саъдуллохон, Эшони Ҳомидхон (Хатиб), домулло Абдуллои Бӯстонӣ, Мулло Файзулло, Мулло Абдукарим, Мулло Абдураҳим, Мулло Абдуҳаким, Домулло Наҷмиддин, Домулло Ҳамро ва ғайраҳо  мадрасаҳои Ҳисорро хатм кардаанд.

Дар вақти ҳукумронии Абдулкаримхон мадрасаи Навро мадрасаи Улламо ном мебурданд. Дар ин мадраса ҳокими Ҳисор тамоми олимону шоирони он давраро ҷамъ намуда «Доираи адабии Ҳисори Шодмон»-ро ташкил кардааст. Умуман бисёр биноҳои  маъмурӣ ва олии Ҳисори кӯҳна дар аҳди Абдулкаримхон (ҳокими охирин то ба аморати Бухоро зӯран тобеъ карда шудани Ҳисор) сохта шуданд, ки давраи шукӯҳу азамати Ҳисори мустақил ба шумор мерафт. Шоир Парии Ҳисорӣ ҷангҳои фотеҳонаи  Абулкаримхонро барои ба Бухоро тобеъ кардани Дарвоз, Қаротегин ва Қиягизалдӣ достони «Зафарнома»-ро бахшидааст. Мавзун ва дигар шоирони  доираи адабии Ҳисор дар ситоиши ӯ қасидаҳо гуфтаанд. Дар бораи шахсияти мударрисҳои мадрасаҳои Ҳисор, баъзе маълумот ҷамъ овардем.

Номи аслии яке аз мударрисонро  А. Усмонов дар натиҷаи ҷустуҷуҳои зиёд дарёфт намудааст. Ӯ Бердиқул ном дошта, аслан аз деҳаи Лоҳур,( ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рудакӣ) ва хеши дигараш Пошоқул Алимардонов  аз деҳаи Янгиобод, (ҷамоати деҳоти Луҳури ноиҳаи Рудакӣ) дар бораи  бобои донишманди худ чунин маълумот додаанд: «Домулло Бердиқул 54 сол умр дидаанд. Дар мадрасаи Мири Араби Бухоро 12 сол таҳсил намудаанд. Аз паи таҳсилу тадрис (дарсдиҳӣ) шуда ҳатто оиладор нашудаанд. Афкори пешқадам доштанд. Аз сабаби насл надоштан васият мекунанд, ки дар байни  ду мадраса (Наву Кӯҳна) дафн намояндаш, ки ақалан шогирдон ӯро ёд кунанд»

Васияти мударрисро иҷро кардаанд. Ҳоло оромгоҳи  домулло Бердиқул дар байни ду мадраса  воқеъ аст.

Корвонсарой дар самти рости мадрасаи Кӯҳна ҷойгир аст. Тарҳи он аз ҳавлии чоркунҷаи 25х30м, ки бо биноҳои як ва дуошёна иҳота шудааст, иборат мебошад. Деворҳо аз хишти пухта сохта шудаанд. Корвонсарой дорои 34 ҳуҷра мебошад, ки дар ин ҳуҷраҳо меҳмонон, саёҳон ва савдогарони ба Ҳисор ташриф оварда иқомат мекардаанд.

Корвонсарой соли 1804 дар вақти ҳукумронии Саидбийи Атолиқ сохта шудааст.

Таҳоратхона байни мадрасаҳои Наву Кӯҳна ҷойгир аст. Он яке аз намунаи иншооти маҳфузмонда мебошад, ки дар назди масҷиду мадрасаҳо сохта мешуданд. Сохтмоне мушабеҳ ба сохтмони таҳоратхонаи муҷтамаи Ҳисор вуҷуд надошта он ба қарни XV мансуб мебошад.

Мақбараи Махдуми Аъзам дар самти ҷанубии мадрасаи Кӯҳна воқеъ гардидааст. Мақбара аз се иншооти гунбаздори дар замонҳои гуногун сохташуда иборат мебошад. Бинои аввал «Зиёратхона» ё ин ки масҷиди гузари Шакарӣ дар асри X,  бинои дуюм «Гӯрхона» дар қисмати ғарбии бино – болои қабри Шайх Ҷунайдулоҳи Ҳисорӣ дар асри  XIII ва бинои сеюм болои қабри Хоҷа Муҳаммад Хевагӣ дар асри XVI сохта шудаанд.

Баъди инқилоби Октябр шиори зараровари инқилобчиён «Дунёи куҳанро зеру забар намуда олами нав месозем!» аз ҷумла ба мавҷудияти шаҳри бостонии Ҳисор зарбаи ҷонкоҳ зад. Хиштҳои биноҳои қадима барои сохтмони идораи фермаҳои ширу мол, анборҳои хоҷагӣ, ҳаммому мактаб, беморхонаву театр ва манзилҳои шахсӣ истифода шудаанд.

Ҳисори бостон ҷузъи ҷудонашавандаи рушду такомул ва камолоти халқи тоҷик мебошад. Ҳукумати мамлакат баҳри ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои нодири халқамон ғамхории рӯзафзун мекунад. Дар муддати кӯтоҳ маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳисор ба яке аз марказҳои рушдкунандаи сайёҳии кишвар табдил ёфтааст.

 

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *