Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ

ШАҲРИ ҲИСОР БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ

ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳр
Сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1361,2 сомонӣ.
Мутахассиси пешбари бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1112,2 сомонӣ.
Мутахассиси бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 913 сомонӣ.
Мутахассиси бахши рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 913 сомонӣ.
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳр
Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1236,7 сомонӣ;
Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Дурбат, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1236,7 сомонӣ;
Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1236,7 сомонӣ;
Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Сомон, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1236,7 сомонӣ;
Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1236,7 сомонӣ;
Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Хонақои Куҳӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1236,7 сомонӣ;
Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1236,7 сомонӣ;
Сармутахассис (оид ба корҳои омор)-и Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1236,7 сомонӣ;
Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1236,7 сомонӣ;
Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ориён, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1236,7 сомонӣ;
Мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ-андозғундор)-и Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,6 сомонӣ;
Мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ-андозғундор)-и Ҷамоати деҳоти Сомон, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,6 сомонӣ;
Мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ-андозғундор)-и Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Куҳӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,6 сомонӣ;
Мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ-андозғундор)-и Ҷамоати деҳоти Навобод, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,6 сомонӣ;
Мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ-андозғундор)-и Ҷамоати деҳоти Ориён, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,6 сомонӣ;
Мутахассиси пешбар (кор бо занон ва ҷавонон)-и Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,6 сомонӣ;
Мутахассиси пешбар (кор бо занон ва ҷавонон)-и Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Куҳӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,6 сомонӣ;
Мутахассиси пешбар (кор бо занон ва ҷавонон)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,6 сомонӣ;
Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,6 сомонӣ;
Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Дурбат, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,6 сомонӣ;
Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Сомон, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,6 сомонӣ;
Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,6 сомонӣ;
Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Куҳӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,6 сомонӣ;
Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Навобод, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,6 сомонӣ;
Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Ориён, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,6 сомонӣ;
Мутахассис (оид ба корҳои омор)-и Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ;
Мутахассиси Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода, 1 ҷой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ;
Мутахассиси (оид ба корҳои омор)-и Ҷамоати деҳоти Дурбат, 1 ҷой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ;
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
– маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
– нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
-маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис/категорияи панҷум
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар/категорияи шашум
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
– малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис/категорияи ҳафтум
– таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
– малакаи кор бо компютер.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 10, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, телефон: (8-3139) 25-3-61, 2-63-00,   Email: mihd@hisor.tj

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.

        Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *