Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

       11 октябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндаи Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, Раиси шаҳр Қосим Роҳбар, инчунин муовини якум, муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону намояндагони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хоҷагиҳо, кормандони масъули соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ташкилоту муассиса, соҳибкорон, раисони маҳалла ва ходимони дин маҷлиси фаъолони шаҳр баргузор гардид.
       Раиси шаҳри Ҳисор ҷаласаро оғоз бахшида, нахуст иштирокчиёни ҷаласаро бо тағйироти кадрӣ дар МИҲД-ӣ шаҳр шинос намуд. Ҳамчунин, комиссари ҳарбии шаҳр аз иҷро гардидани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мужда расонд ва иштирокчиёни ҷаласа бо хурсандию кафкӯбӣ истиқбол намуданд.
       Сипас, муовини раиси шаҳр Ҳафтандил Азимӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли равон ҳисобот дод.
       Мавсуф оид ба вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2022, амалишавии нуктаҳои асосии Паёми         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини натиҷаҳои пешбининамудаи Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои бандҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат зимни сафарҳояшон ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҳисобот дод.
      Раиси шаҳр ҷадвали суръати рушдро дар самти саноат, сохтмон, савдо, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, ки дар асоси таҳлилҳои дақиқ таҳия гардида буд, тариқи монитор нишон дода зикр намуд, ки нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ давоми се моҳи охир, июл 101,6 %, август 100,2 % ва сентябр 101,1 % таъмин гардида, рушди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар нуҳ моҳи соли 2022 –ум 108 фоизро ташкил додааст. Ин рақам дар семоҳаи аввал 103,5 фоиз ва дар ҷамъбасти шашмоҳа 102,9 фоизро ташкил медод.
      Баъдан иштирокчиёни ҷаласаро бо ҷадвали иҷрои нақшаи намудҳои андоз, бақияи қарзҳои андоз, шумораи бекорон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ шинос карда, барои ҷамоатҳо шакли намунавии ҳисоботҳоро пешниҳод намуд ва баргузор намудани семинарҳои омӯзиширо дар ин самт тавсия дод.
      Дар идома доир ба масъалаҳои бартараф кардани савдои кӯчагӣ, номутобиқатии маълумотҳои оморӣ ҳангоми ҳисоботҳо, бақайдгирии оилаҳои камбизоат, таносуби нафақахӯрону коргарон, инчунин фаъолияти нокифояи комиссияи авфи амвол изҳори андеша намуд.
      Баъдан, иштирокчиёни ҷаласаро тариқи ҷадвал ба фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноат, содироти маҳсулоти саноатӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, истеҳсоли сарулибоси мактабӣ ошно намуд.
      Ба фаъолияти КВД “Сохтмони асосӣ” эродҳои ҷиддӣ гирифта, раванди ҳуҷҷатгузорӣ ва қабули иншооти сохташударо дар комиссияи давлатии қабул нигаронкунанда арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, аз ҷараёни корҳои бартарафкунии биноҳои фарсудаи дуошёна дар маркази шаҳраки Ҳисор изҳори ташвиш карда, масъулини сохтмонро барои вусъати корҳо дар ин самт дастур дод.
      Дар идома фаъолияти соҳаи кишоварзиро дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, мевагӣ, сабзавот, гандум, картошка, маҳсулоти гӯштӣ ва шир, тухм ва ғайра дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта роҳбарият ва кормандони Раёсати кишоварзӣ ва масъулони дастгоҳи ҷамоатҳоро вазифадор намуд.
      Мувофиқи маълумоти Раёсати кишоварзӣ кишти гандуми тирамоҳӣ дар соли 2022 ҳамагӣ 4114 гектарро ташкил дода, 1598 гектари он дар заминҳои обӣ пешбинӣ шудааст. Имсол тибқи дурнамо ҳамагӣ дар майдони 10981 гектар кишт гузаронида мешавад ва дар ин самт аз ҳоло чораҳои зарурӣ андешида шудааст.
      Муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода оид масъалаҳои рушди соҳаи маориф, аз ҷумла татбиқи Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, талабот ба муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар шаҳр, миқдори муассисаҳои садамавӣ, норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва китобҳои дарсӣ, фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ, сифати таҳсилот ва дар самти тандурустӣ оид ба рушди соҳа, таъмиру азнавсозии муассисаҳои тиббӣ, норасоии табибону ҳамшираҳои шафқат ва чораҳои пешгири аз он маълумот дод.
Зикр гардид, ки ҷудошавии оилаҳо нисбат ҳамин давраи соли 2021-ум 35 адад афзуда, ҳодисаҳои қасд ба ҷони худ низ 7 адад зиёд шудааст.
      Раиси шаҳр ба масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ намудани биноҳои сохташаванда, биноҳои мавҷудаи ғайрирасмӣ, фаъолияти ҷамоатҳо дар ин самт, гузаронидани корҳои ободониву тоза намудани маҳал, инчунин омодагӣ ба фасли зимистон дар муассисаҳои самти иҷтимоӣ дахл намуда, дар ин робита як қатор камбдуҳоро ифшо намуд ва барои ислоҳ масъулонро муваззаф намуд.
      Муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён зимни суханронӣ бо ёдоварӣ аз мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, таҳдиди хатарҳои афзоянда ва таъсири он ба иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо изҳори назар кард. Иброз гардид, ки дар баробари муваффақиятҳо дар самти иҷтимоию иқтисодии шаҳр камбудиву норасоиҳо низ ба назар мерасанд, ки ислоҳи саривақтиро тақозо менамоянд.
      Муовини Сарвазир дар амал татбиқ намудани Барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳоро дар самти саноат, сохтмон, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум аввалиндараҷа маънидод карда, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҳифзи амнияту оромӣ аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа арзёбӣ намуд.
      Дар идомаи суханронӣ даъват ба амал овард дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳон қарор дорад, моро зарур аст ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шуда, бештару беҳтар фаъолият намоем, корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкориро вусъат бахшем, сарфаю сариштакориро риоя намоем дар ҷараёни амалишавии стратегияву барномаҳои соҳавӣ, ки пешбурди иқтисодиёти шаҳрро таъмин менамояд иштирок намоем ва барои дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ ва бо натиҷаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳамаҷониба бигирем.
      Дар фарҷоми маҷлис раиси шаҳр Қосим Роҳбар суханронӣ карда, бо дарназардошти фикру андешаҳои муовини Сарвазир ва таҳлилҳое, ки дар рафти ҷаласа ироа гардид, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр муовини якум, муовинон, кормандони масъули дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони идораву ташкилотҳои марбутаро вазифагузорӣ намуд.
      Ҳамзамон, аз натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор дошт, ки бо мақсади истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин ва истеҳсолу захира намудани маводи ғизоӣ бо аҳолӣ мулоқоту суҳбатҳои муфид баргузор гардида, вазъи таъминоти маводи хӯрока дар бозорҳо омӯхта мешаванд ва ҷиддияти масъала таҳти назорати пайвастаи МИҲД-ӣ шаҳр қарор дорад.
      Ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён барои иштирок дар маҷлиси ҷамъбастӣ изҳори сипос намуд ва изҳори итминон намуд, ки сокинони шаҳри Ҳисор ҷашнҳои дар пеш истодаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи президенти Тоҷикистон, Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол хоҳанд гирифт.