Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ПАЗИРОИИ МЕҲМОНОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

12 октябр меҳмонони беларусӣ, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишавари мо ҳузур доранд, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.
Меҳмононро дар ҳайати вазири саноати Ҷумҳурии Беларус Рогожник Александр Николаевич, директори генералии ҶСК “Минский тракторный завод” Вовк Виталий Михайлович, директори генералии ҶСК “Гомсельмаш” Новиков Александр Александрович, директори генералии ҶСК УКХ “Бобруйскагромаш” Филатов Виктор Геннадевич, директори генералии ҶСК “МАЗ” ва УКХ “БЕЛАВТОМАЗ” Иванкович Валерий Валеревич, директори генералии ҶСК “УКХ Белкоммунмаш” Битско Олег Виталевич, директори генералии заводи металургии ҶСК УКХ “Беларусская металлургическая компания” Корчик Дмитрий Александрович, директори генералии ҶСК “Могилевлифтмаш” ва муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Зеваршо Зеваршоев дар саҳни Маркази техникаи беларусӣ “Агротехсервис” раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва директори ҶСК “Агротехсервис” Ҷалолиддин Нуралиев, пазироӣ намуда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфтанд.
Меҳмононро тибқи таомули аҷдодӣ гулдухтарони либоси миллии чаканпӯш бо нону асал истиқбол гирифта, дар васфи дӯстию бародарӣ бо ду забон – тоҷикӣ ва беларусӣ шеърҳо қироат карданд.
Дар идома меҳмонон бо фаъолияти корхона шинос шуда, дар сехҳои корхона аз ҷараёни васлу насби тракторҳо ва парки намоиши техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ дар саҳни он дидан намуданд.
Корхонаи мазкур бо ташаббус ва иштироки президентони ду давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко аз соли 2018 ба фаъолият оғоз карда, дар он васлу насби трактор ва мошинолоту дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ анҷом дода мешавад.
Дар идомаи сафар меҳмонон ба хоҷагии номдори ҶДММ ба номи Латиф Муродов ташриф оварда, дар семинар-машварат ки таҳти унвони “Як рӯз дар саҳро” бо ташаббуси Раёсати кишоварзии шаҳр ва иштироки кишоварзон аз шаҳру навоҳии кишвар баргузор гардид, ширкат намуданд. Дар қисми амалии семинар ба меҳмонони беларусӣ ва иштирокчиёни семинар-машварат трактори алафдаравие, ки муҳандисони ҶСК “Агротехсервис” ҳаммонанд ба трактори алафдаравии олмонии Е-302 сохта мавриди санҷиш қарор додаанд, муаррифӣ гардид.
Меҳмонони беларусӣ бо кори трактор ҳангоми дарави беда шинос гардида, ба кори муҳандисони тоҷик баҳои баланд доданд.
Сипас, меҳмонон аз Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор дидан карда, бо таърихи Ҳисори куҳан, ки дар гузашта ҳамчун дарвозаи тиҷоратии кишварҳои Аврупою Осиё, дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим қарор дошт ва муборизаи сокинони он бо аҷнабиён дар тӯли таърих шинос гардиданд.
Ҳайати меҳмонони Беларус дар назди Арки Қалъаи Ҳисор акси хотиравӣ гирифта, ҳамзамон аз боғи зимистонаи “Шаршара” боздид намуданд. Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар меҳмононро аз Регистони Қалъаи Ҳисор ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе гусел намуд.