Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ҚОСИМ РОҲБАР БА МУНОСИБАТИ “РӮЗИ СОҲИБКОРОН”

Соҳибкорони муҳтарам!
Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 14 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи соҳибкорон» бо тантана таҷлил мегардад.
Ҷашн гирифтани «Рӯзи соҳибкорон» дар мамлакат иқдоми саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътирофи хизматҳои шоёни соҳибкорон дар ҷодаи ободониву созандагӣ дар мамлакат маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушди фаъолияти соҳибкорӣ кафили устувории иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳамзамон ба баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, инчунин фароҳам сохтани шароит барои ҳаёти шоистаи аҳолии мамлакат мусоидат менамояд.
Соҳибкорони ҳимматбаланди шаҳр баҳри амалӣ намудани ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат содиқона хизмат карда, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 3000-солагии Ҳисор, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолият баҳри ободонии Ҳисори Шодмон Ҳисор садҳо адад иншооти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои хурду миёна, марказҳи хизматрасонӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ бо муҳайё намудани садҳо ҷойҳои нави корӣ сохта мавриди истифода қарор доданд ва ин раванд пайгирона идома дорад, ки шоистаи таҳсину офарин аст.
Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, дар маркази сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории ба соҳаи истеҳсолот равонагардида таваҷҷуҳи хос ва дар баробари сабукиҳои зиёд пайваста ғамхорӣ зоҳир мешавад. Ин тадбир боиси он шуда, ки давоми солҳои охир дар шаҳри Ҳисор ҳавасмандии соҳибкорон ба бунёди корхонаҳои саноатӣ бештар гардида, шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ афзуда ба 79 адад расидааст ва маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар нуҳ моҳи соли равон 244,8 миллион сомониро ташкил додааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар роҳи амалӣ кардани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо такя ба шумо, бунёд ва таъмиру азнавсозии беш аз 1626 иншооти таъйиноташон гуногунро ба нақша гирифта, соли равон дар арафаи ҷашнҳои умумимилӣ, Наврӯзи байналмилалӣ, 25-солагии Ваҳдати миллӣ, 31-солагии Истиқлолият сохтмони 56 иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва бунёду навсозии иншооти боқимонда бо маром идома дорад.
Пешвои муаззами миллат зимни сафарҳо ба шаҳри Ҳисор дар маросими ба истифода додани чандин иншоот иштирок намуда, бо арзи сипос самараи заҳмати ватандӯстонаи соҳибкорони шаҳрро дар бунёди иншооти бешумор намунаи ибрат барои дигарон донистанд, ки боиси ифтихору сарфарозии соҳибкорон ва сокинони шаҳр мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки бо бунёди иншооти ҳаётан муҳим аз ҷониби шумо бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинони шаҳр осон гардида, барои кору фаъолият ва зиндагии аҳолӣ шароит беҳтар мешавад ва ин боис ба баланд гардидани мартабаву маҳбубияти шумо, афзудани эҳтирому самимияти сокинони шаҳр нисбат ба шумо-соҳибкорони азиз гардидааст.
Ба мардуми шаҳри Ҳисор ва фарзандони бонангу номус- соҳибкорони ҳимматбаланди шаҳр барои иқдомҳои ватандӯстона дар ҷодаи ободонии диёр арзу сипосу эҳтиром изҳор дошта, ба муносибати “Рӯзи соҳибкорон” табрику таҳният мегӯям. Ба хонадони ҳар яки Шумо ободӣ, иқболу комронӣ ва дар ҷодаи фаъолияти касбӣ ва корҳои ободкориву созандагӣ муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Иди касбиатон муборак, соҳибкорони азиз!