Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИШТИРОКИ КИШОВАРЗОНИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР ТАҶЛИЛИ ИДИ МЕҲРГОН

Имрӯз, 15 октябр бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон, ки мероси пурарзиши аҷдодон, иди касбии кишоварзон маҳсуб ёфта файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Дар ин рӯз Фестивал-намоиши маҳсулот ва хӯрокҳои миллӣ доир шуда, кишоварзони мамлакат навъҳои гуногуни зироат, меваву сабзавот ва полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ, кадбунуҳои мамлакат намунаи беҳтарини хӯрокҳои миллиро пешкаши меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ гардониданд.
Ба мавсими ҷамъоварии дастранҷи марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, онро ҳамчун иди касбии кишоварзон медонанд ва таҷлили он дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба ҳукми анъана даромадааст.
Бо ташаббуси Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор деҳқонони шаҳр дар намоиши виставкаи маҳсулоти кишоварзӣ иштироки фаъол карда, навъҳои гуногуни зироат, меваю ангур, сабзавот, ва маҳсулоти нониро пешниҳоди иштирокдорони чорабинӣ, сокинон ва меҳмонони пойтахт намуданд.
Ҷашни Меҳргон таърихи куҳани беш аз 3000-сола дошта, бо шарофати соҳибистиқлолӣ бо саъю кӯшиши Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш эҳё шуд ва дар радифи беҳтарин ҷашну маросимҳои миллӣ амсоли Шашмақом, Фалак, Наврӯз, Тиргон , Меҳргон ва Сада ҳамасола дар кишвар таҷлил мегардад.
Ҳадаф аз баргузории иди мазкур эҳё намудани анъанаю арзишҳои миллӣ, ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маҳсуб ёфта, барои муаррифии миллати дорои фарҳанги бою ғанӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва худогоҳию хештаншиносии мардум, бахусус наврасону ҷавонон муҳим ба шумор меравад.