Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МУАРРИФИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ХӮРОКҲОИ МИЛЛӢ ДАР “БОҒИ ИРАМ”

Бори нахуст аз 14 то 18 октябри соли 2022 дар Тоҷикистон 16-умин Бозиҳои байналмилалии Делфӣ барои ҷавонони аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Бозиҳои мазкур 17 октябр дар Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ баргузор гардид.
Дар намоиши мазкур кишоварзон, аҳли ҳунару фарҳанг ва кадбонуҳои моҳир аз шаҳри Ҳисор номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, нонию қаннодӣ, хӯрокҳои милӣ ва намунаҳои қадима ва муосири ҳунарҳои мардумии водии Ҳисорро пешниҳоди меҳмонони бозиҳои байналмилалии Делфӣ ва сокинони пойтахт намуданд.
Ҳунармандони Ансамбли фолклории филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов базми идона ороста, бо рақсу таронаҳои ҷаззоби мардумӣ хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардониданд.