Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАШРИФИ ИШТИРОКЧИЁНИ БОЗИҲОИ ДЕЛФӢ БА ШАҲРИ ҲИСОР

18 октябр иштирокчиёни 16-умин бозиҳои байналмилалии Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларусия, Озарбойҷон, Арманистон ба муассисаи давлатии ҷумҳуриявии “Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор” ташриф оварданд.
Дар даромадгоҳи Арки қалъаи Ҳисор меҳмононро намояндаи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр Соҷида Каримова, директори Мамнуъгоҳ Ҷалол Ҷалолов ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр истиқбол гирифта, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфтанд.
Меҳмонон вориди қалъа шуда, аз Аскархона, Қасри Ҳоким, Амфитеатр, Осорхона ва ҳавзу чойхонаи миллӣ, инчунин намоиши ҳунарҳои миллӣ ва хӯрок ҳои миллӣ, ки дар регистони Қалъаи Ҳисор доир гардид дидан намуданд ва роҳбаладон дар бораи Ҳисор маълумоти муфассал дода, онҳоро бо таъриху фарҳанги ғании Ҳисори Шодмон дар гузаштаву имрӯза шинос намуданд.
Дар остонаи Арк меҳмонон акси хотиравӣ гирифта, ба пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо як ҷаҳон таасурот баргаштанд.