Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МЕҲМОНОНИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “РАВАНДИ ДУШАНБЕ ОИД БА МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ” АЗ ҲИСОР БОЗДИД НАМУДАНД.

Ба иттилои АМИТ “Ховар” 18-19 октябр дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” баргузор гардид.
Тавре зикр гардид ин сеюмин чорабинии сатҳи баланд аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT), Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо (ИА), Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Давлати Қатар ташкил гардида, дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» баргузор мегардад. Дар ҷаласаи ифтитоҳии он зиёда аз 900 иштирокчӣ, бо шумули вазирон ва дигар шахсони расмии кишварҳои аъзои СММ, ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, коршиносон ва рӯзноманигорон ширкат намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ифтитоҳии худ таъкид намуданд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои пешгирии интиқоли ҷангҷӯёни террорист, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад».
Роҳбари давлат ҳамчунин аз солҳои охир васеъ гардидани доираи хатару таҳдидҳои аз терроризму ифротгароӣ бароянда, оқибатҳои даҳшатбори он, мушкилот дар ҷараёни муқовимат бо ин таҳдидҳо ҳангоми паҳншавии бемории сироятии COVID-19, хусусияти фаромарзиву фаромиллӣ касб кардани фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро, хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллӣ, ташвиқ ва анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ғайраҳо ҳушдор дода, бо итминони комил изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар ҳамаи кӯшишҳо ва тадбирҳои байналмилалӣ ба хотири решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб фаъолона ширкат намуда, яке аз иштирокдорони фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ гардидааст.
Дар кори Конференсия Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Хонум Ҳелга Мария Шмидт тариқи видеоӣ, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Боррелл, Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Иванович Воронков иштирок ва суханронӣ намуданд.
20 октябр гурӯҳи иштирокчиёни Конференсияи мазкур ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, аз Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор дидан намуданд. Дар майдони Регистони Қалъаи Ҳисор меҳмононро раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт. Сокинони шаҳр тибқи таомули аҷдодӣ меҳмононро бо нону ширинӣ ва шеъру тарона истиқбол гирифта, ансамбли рақсии фолклории “Бобоҷоно” намунаи рақси миллии тоҷиконро ба марази тамошо гузоштанд.
Меҳмонон бо роҳнамоии роҳбаладон ва тарҷумонҳо аз Арки Қалъа, Қасри ҳоким, Аскархона, Амфитеатр, раставу дӯконҳои ҳунармандон, мадрасаҳои кӯҳнаву нав ва осорхонаи таърихию фарҳангии Мамнуъгоҳ дидан намуда, бо намунаҳои ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ шинос гардиданд. Дар идома ба ҳайати меҳмон боғи зимистонаи “Шаршара” муаррифӣ гардид ва онҳо бо ҷаҳони таасурот ба пойтахт – шаҳри Душанбе баргаштанд.