Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИҶЛОСИЯИ ПОНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ҲИСОР, ДАЪВАТИ ШАШУМ

21 октябри соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, вакилони халқ, муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, кормандони масъули шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассиса ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ иҷлосия ба кори худ шурӯъ карда, вакилон котибот ва рӯзномаи иҷлосияро иборат аз ҳафт масъала:
-рафти иҷрои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
-рафти татбиқи Нақшаи генералии тасҳеҳ додашудаи шаҳраки Ҳисор ва вазифаҳои сохторҳои мақомоти маҳалии ҳокимияти иҷроия ва шаҳраки Ҳисор дар ин самт;
-ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор оид ба ояндабинии иқтисодиёт, буҷет, савдо ва рушди соҳибкорӣ;
-таъсиси комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ;
-ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии “Ҷавонон” №13 оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ;
-ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми хароҷоти муассисаҳои буҷетии шаҳри Ҳисор дар семоҳаи сеюми соли 2022;
-баррасии қарорҳои дахлдори раиси шаҳрро тасдиқ намуданд.
Аз рўи масъалаи якуми рўзнома – рафти иҷрои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода баромад карда, рафти татбиқи Барномаро дар муассисаҳои таълимии шаҳр дар давоми солҳои 2018-2022 мавриди таҳлил қарор дод.
Раиси шаҳр аз рафти татбиқи барнома изҳори нигаронӣ карда, тариқи монитор дар асоси таҳлилҳои амиқ ҳолати амалишавии Барномаро дар муассисаҳои соҳаи маориф давоми солҳои 2018-2022 муаррифӣ намуд. Ҳамзамон, изҳор дошт, ки зиндагии имрӯзаро бидуни технологияҳои иттилоотӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст ва муассисаҳои соҳаи маорифро зарур аст аз камбудиҳои ошкоргардида хулоса бароранд ва барои амалӣ гардидани Барнома дар муҳлати боқимонда чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин раёсати молияро вазифадор намуд, ки барои маблағгузорӣ дар ин самт мусоидат намоянд.
Аз рӯи масъалаи дуюм, вобаста ба рафти татбиқи Нақшаи генералии тасҳеҳ додашудаи шаҳраки Ҳисор гузориши мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ Сангалӣ Гулов шунида шуд.
Дар баррасии масъалаи сеюм, оид ба фаъолияти комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор оид ба ояндабинии иқтисодиёт, буҷет, савдо ва рушди соҳибкорӣ раиси Комиссия Умед Аловиддинов ҳисобот дод.
Тибқи масъалаи чоруми рӯзнома сардори Раёсати кишоварзии шаҳр Бобосафар Шарифӣ вакилонро бо лоиҳаи қарори раиси шаҳр дар бораи таъсиси комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ бо мақсади истифодабарии самараноки чарогоҳҳо шинос намуд ва бо ҷонибдории аксарияти овозҳо тасдиқ гардид.
Дар идома ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Миҷгона Раҳимӣ оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ дар ҳавзаи интихоботии “Ҷавонон” №13 шунида шуд.
Сипас, сардори Раёсати молия Ғуфрон Шарифов дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми хароҷоти муассисаҳои буҷетии шаҳри Ҳисор дар семоҳаи сеюми соли 2022 баромад карда, вакилонро бо нақшаи камшавӣ ва зиёдшавии сметаи хароҷотӣ дар семоҳаи сеюми соли 2022 шинос намуд.
Раиси шаҳр вакилонро бо тағйироти кадрӣ дар шаҳр шинос кард ва вакилон қарорҳои раиси шаҳр дар бораи ба мансаби мудири бахши рушди сайёҳии МИҲД-и шаҳри Ҳисор таъйин намудани Каримӣ Соҷида Маҳмадёр ва ба мансаби мудири бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳри Ҳисор таъйин намудани Иброҳимов Бахтиёр Исмонхоҷаевич, инчунин дигар қарорҳои дахлдори раиси шаҳрро тасдиқ намуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода дар иҷлосия суханронӣ намуда, вобаста ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 30-солагии он таҷлил мегардад, татбиқи чор ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат андешаҳои худро баён дошт. Ҳамчунин, дар бораи омодагиҳо ба фасли зимистон, захираи зарурии маводи хӯрока, инчунин дар бораи муташанниҷ гардидани авзои сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна амалҳои номатлуб ва ғайраҳо изҳори назар карда, аз вакилон ва иштирокчиёни иҷлосия даъват ба амал овард, ки дар атрофи роҳбарияти олии кишвар зич муттаҳид гашта, баҳри ободии кишвар саъю талош варзанд.
Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ба вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода барои иштирок ва суханронӣ дар Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор ва ба вакилони МВХ шаҳр барои дастгирӣ ва тасдиқи қарорҳои баррасишуда изҳори сипос намуда, ба кори иҷлосия анҷом бахшид.