Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ “ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

      24 октябр дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур рӯзҳои 17 то 23 октябр бо иштироки довталабон аз 8 шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Варзоб, Рӯдакӣ, Файзобод ва Роғун аз рӯи панҷ номинатсия баргузор шуда, ғолибони даври минтақавӣ муайян гардиданд.
     Озмун дар ҳар номинатсия шаффофу одилона баргузор гардида, ҳакамон малакаву дониши ҳар иштирокчиро санҷида аз байни онҳо, ки беш аз 300 нафарро ташкил медоданд, беҳтаринҳоро интихоб ва даври ҷумҳуриявӣ роҳхат доданд.
     Муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода зимни суханронӣ ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёну меҳмононро ба шаҳри Ҳисор бори дигар хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки озмуни мазкур бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошно намудани наврасону ҷавонон ба мероси бою ғанӣ ва муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик роҳандозӣ гардида, он ҳамчун роҳкушои дари ошёни ақлу хирад, барои баланд бардоштани завқи китобхонию китобдӯстӣ ва дар умум маърифати фарҳангии миллат мусоидат хоҳад намуд.
     Аскар Ҳаким – сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки раисии ҳайати ҳакамонро бар уҳда дошт, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, бахусус раиси шаҳр Қосим Роҳбар барои мусоидат ҷиҳати дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор гардидани озмун изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, баён дошт, ки дар озмун ҳамаи иштирокчиён баранда буданд ва касе аз иштирок дар он бохт накардааст. Чунки бо хондани китобу аз бар кардани шеъру достонҳо маънавиёти шахс баланд гардида, китобхонию сухандонӣ дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, пайдо намудани мавқею мартаба дар ҷомеа аҳамияти хос дорад.
     Тибқи иттилои раиси ҳакамон аз миқдори умумии иштирокчиёни озмун ба даври ҷумҳуриявӣ 79 нафар роҳхат грифтанд, ки 15 нафарашро довталабон аз шаҳри Ҳисор ташкил медиҳанд. Дар ҷадвали ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ шаҳри Ваҳдат дар ҷойи аввал ва шаҳри Ҳисор дар ҷойи дуюм қарор дошта, шаҳру ноҳияҳои боқимонда аз рӯи холҳои гирифтаашон ҷойҳои боқимондаро соҳиб гардиданд.
     Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр иштирокчиёну меҳмонони озмунро бо дастагули зебои фарҳангии иборат аз шеъру тарона муборакбод гуфтанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми озмун муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҳакамону иштирокчиёни озмун аз наздик дидору мулоқот карда, вобаста ба шароиту имконияти фароҳамгардида ва мушкилоташон дар раванди озмун суҳбат намуданд.