Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҚОСИМ РОҲБАР ВАРЗИШГАР ДАР РИШТАИ БОКСРО БАРОИ ИШТИРОК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ДАСТГИРӢ НАМУД

     Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар 29 октябр варзишгари ҷавон дар риштаи бокс – Абдумалик Болтаевро, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар оид ба бокс ба Ҷумҳурии Урдун (Иордания) сафар карда мақсади иштирок дар чемпионати Осиёро дорад, ба ҳузур пазируфт ва оид ба фаъолияти варзишӣ ва иштирокаш дар чемпионати мазкур суҳбат намуд.
Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдумалик Болтаев донишҷӯи курси чоруми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буда, дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, ғолибият ба даст овардааст ва бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки аз 30 октябр то 15 ноябр дар пойтахти Урдун – шаҳри Уммон доир мегардад, иштирок менамояд.
     Ӯ солҳои 2015-2019 дар ҳама чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ оид ба бокс иштирок карда, дастовардҳои зиёди варзиширо ноил гардидааст.
Ҳамчунин, соли 2019 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Бишкек, соли 2021 дар шаҳри Тошканд, ҳамон сол дар чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Белгради Сербия, соли 2022 чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканд ва мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Президент” дар шаҳри Хучанд иштирок карда, ғолибият ба даст овардааст.
     Аснои суҳбат раиси шаҳр иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба варзиш ва ҷалби бештари ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад ва варзишгаронро пайваста дастгирӣ менамояд. Ҳамзамон, таъкид дошт, ки оянда дар радифи дигар бахшҳо барои рушди бокс ва ҷалби бештари ҷавонон ба ин намуди варзиш шароитҳои зарурӣ муҳайё карда мешаванд.
     Қосим Роҳбар Абдумалик Болтаевро барои роҳ ёфтан ба чемпионати Осиё муборакбод гуфта изҳори умед намуд, ки шарафи варзишии кишварро дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳимоя карда, парчами кишварро баланд мебардорад ва бо ҳамин орзуву ниятҳои нек ба варзишгар роҳи сафед ва муваффақият таманно намуд.
Абдумалик Болтаев барои таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ба раиси шаҳр ва нафароне, ки дар ин ҷода ба ӯ мусоидат намуданд изҳори сипос намуд.
     Дар дидор ва суҳбати раиси шаҳр бо варзишгар сардори раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор Шарифӣ Бобосафар, директори Мактаби варзишии ба номи Абдуманнон Зокиров Даврон Нарзуллоев ва мураббӣ Ғайрат Сиддиқов иштирок доштанд.