Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

     4 ноябр дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ доир гардид.
     Дар чорабинӣ Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иштирок ва суханронӣ карда, ҳадафи ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд, маънидод намуд.
     Зикр гардид, ки барои халқи тоҷик моҳи ноябр бо якчанд рӯйдодҳои таърихию тақдирсозаш маъруфу маҳбуб маҳсуб ёфта, ин моҳи муборак ба миллати мо Роҳбари таърихӣ, бунёдгузори давлати навин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллатро ҳадя намудааст ва бо шарофати ин моҳ мардуми шарифи Тоҷикистон арзишмандтарин санади ҳуқуқӣ, роҳнамою таҳкимбахши ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва иқтисодию иҷтимоии давлату миллат Конститутсияи хешро қабул намуд. Ҳамзамон, дар ин моҳ давлати мо соҳиби рамзҳои миллӣ – парчам ва нишони давлатии худ гардид ва оғози сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, маҳз дар Иҷлосияи таърихию тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ, ки оғози он ба моҳи ноябр рост меояд, заминагузорӣшудааст. Ноябри соли 1994 ба наслҳои имрӯзу фардои Тоҷикистон ҳомии аслии Конститутсия, қонуну қонуният, кафили истиқлолияти давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, ҳимоятгару ҳифозатгари ҳуқуқу озодиҳо ва пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷик сохти идора, ё худ ниҳоди президентиро эҳдо намудааст.
     Қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини халқи тоҷик аз рӯйдодҳои муҳим маҳсуб меёбад. Ин санади муқаддас нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нуфузи бештар дошта, дар он тамоми самтҳои ҳуқуқии дохилию хориҷии давлат мухтасаран дарҷ шудааст ва сохти давлатдорӣ, низоми ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол муайян гардидааст.
     Мавсуф ҳамчунин, таърихи Конститутсия, қадру манзалати он дар ҳаёти дирӯзу имрӯзи шаҳрвандони кишвар ва дигар бартариҳои ин қонуни муқаддас дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои сокинони мамлакатро шарҳу эзоҳ дода, нақши Конститутсияро, ки воқеан маҳсули андешаи миллӣ ва баёнгари арзишҳои давлатдории мо мебошад, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар бунёди сохти давлатдорӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ, устувории пояҳои давлати мустақил, таъмини сулҳу субот арзишманд баҳогузорӣ намуд.
    Бо итминон изҳор гардид, ки ин санади муҳим садсолаҳои дароз барои рушди ҷомеаи Тоҷикистон ва оромиву осоиши ҳар як фарди Ватан хизмат хоҳад кард.
    Дар идомаи чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ба як қатор корманони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, волоияти қонун, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва садоқату самимият ба ӯҳдадориҳои хизматӣ, раисони ҷамоатҳои деҳоти Алмосӣ, Дурбат, ба номи Мирзо Турсунзода барои сафарбарии муташаккилонаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ба раисони ҷамоатҳои деҳоти Навобод, Мирзо Ризо барои иштироки фаъолона дар маъракаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявию маҳалӣ, инчунин, ба се нафар варзишгар аз Мактаби варзишии ба номи Абдуманнон Зокиров, ки ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквон-до гардидаанд ва мураббиашон Сипосномаи Раиси шаҳри Ҳисор тақдим гардид.
     Ҳунармандони филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинови бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи рангини консертии иборат аз шеъру таронаҳои ватандӯстона, тарранумгари зебогиҳои диёр ва табиати нотакрор хотири иштирокчиёни чорабиниро шод намуданд.