Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

АЁДАТИ ИШТИРОКЧИЁНИ ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имсол, 16 ноябр дар кишвари маҳбубамон 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Аз шаҳри Ҳисор дар Иҷлосияи мазкур 9 нафар вакилон иштирок намуда, дар интихоби Роҳбари давлат – Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули қонуну санадҳои баррасишуда дар Иҷлосия саҳм гузоштаанд.
Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва муовини якуми раиси шаҳр Сироҷиддин Каримзода бо иштироки раисони ҷамоат 9 ноябари соли равон ба ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор, деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ ва Ҳисор ташриф оварданд ва вакилони даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 30 сол муқаддам, аз 16 ноябр то 2 октябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид иштирок кардаанд, аёдат намуданд.
Нахуст, раиси шаҳр дар деҳаи Меҳргони Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ собиқ вакили Шӯрои Олӣ аз ҳавзаи интихоботии Навобод №50, ходими давлатию ҷамъиятӣ, собиқ муовини Сарвазири Тоҷикистон Ҷамолиддин Мансуровро аёдат намуда, аҳли хонадонашонро ба муносибати ҷашнҳои 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Тоҷикистон муборакбод гуфтанд. Ҳамзамон, ёдовар шуданд хизмате, ки Ҷамолиддин Мансуров дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ раиси ноҳия будан барои ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, оромии ноҳия, барқарсозии сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон кардааст, фаромӯш нахоҳад шуд.
Раиси шаҳр дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳраки Ҳисор собиқ вакил аз ҳавзаи интихоботии Чузӣ №54 Абдуманнон Абдуразоқовро, ки дар он давра як муддат ба ҳайси узви зеркомиссия оид ба барҳам додан, халъи силоҳ намудан ва реинтегратсияи дастаҳои мусаллаҳи мухолифин ба сохторҳои низомии давлатӣ дар Комиссияи оштии миллӣ фаъолият кардааст ва дар маҳалли Белайдузи ҷамоати мазкур собиқ вакил аз ҳавзаи интихоботии Хонақоҳ №47 Абдувоҳид Мирзоевро аёдат ва аҳли хонадонашро ба муносибати ҷашнҳои дарпешистода табрику таҳният гуфтанд. Мавсуф дар он аём вазифаи сардори шуъбаи БДА-и шуъбаи корҳои дохилии ноҳияро бар дӯш дошт.
Сафари раиси шаҳр дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор идома ёфта, дар деҳаи Гулханӣ собиқ вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҳисор №52 Халил Мирзоевро аёдат ва бо ҷамъи пайвандонашон ба муносибати ҷашнвораҳо муборакбод намуданд. Устод Халил Мирзоев солҳои тӯлони дар вазифаҳои масъули директори мактаб ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия фаъолият карда, дар Ҳисор эҳтирому мартабаи баланд ёфтаанд.
Раиси шаҳр Қосим Роҳбар, ҳамчунин собиқ раиси ноҳия, ҳоло роҳбари хоҷагии ба номи Латиф Муродов Баҳридин Солиевро, ки бо сабаби беморӣ ва ҷарроҳӣ мувақатан дар таътил қарор дорад, аёдат кард ва ҳарчи зудтар шифо ёфтанашро орзу намуда, аснои суҳбат афзуд, ки дар ҷаласаю машваратҳои соҳаи кишоварзӣ ҷои ӯ холӣ буда, хоҳони зудтар баргаштанаш ба хоҷагӣ мебошад.
Раиси шаҳр, инчунин вакилон ва шахсиятҳоеро, ки аёдат шуданд расман ба чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 ноябр дар Кохи фарҳанги шаҳр доир мегардад, даъват намуд.