Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

     10 ноябри соли равон дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, собиқ вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ муовини Сарвазири Тоҷикистон, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Ҷамолиддин Мансуров, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, собиқ роҳбари корхонаи истеҳсоли маҳсулоти фулузии ноҳия, аъзои зеркомиссия дар Комиссияи оштии миллӣ Абдуманнон Абдуразоқов, собиқ сардори БДА-и ШКД-и комиҷроияи ноҳияи Ҳисор ва сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳринав Абдувоҳид Мирзоев, собиқ мудири шуъбаи маорифи ноҳия Халил Мирзоев, собиқ ҷонишини раиси колхози “Ватан” Шариф Яъқубов чорабинии тантанавӣ доир гардида, сиюмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи президенти Тоҷикистон пуршукӯҳ таҷлил гардид.
     Раиси шаҳр зимни суханронии муқаддимавӣ бо изҳори таманниёт меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба аҳли толор муаррифӣ намуд. Ҳамзамон, аз се нафар иштирокдорони Иҷлосияи 16-ум аз шаҳри Ҳисор – собиқ вакилон Ёқубҷон Низомов, Ибодулло Меликмуродов ва Мухтор Абдураҳмонов, ки бо амри тақдир дар ҳаёт нестанд ёдовар шуда, ба хотири гиромидошташон дақиқаи хомӯшӣ ихтиёр карданд.
     Зикр гардид, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 сол муқаддам – аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри бахтовари Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, воқеан барои давлату миллати тоҷик муҳиму таърихӣ ва сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, маҳз бо пайки баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ роҳи минбаъдаи давлатдорӣ, муҳимтар аз ҳама барқарор намудани сулҳу субот дар кишварамон муайян шуда, ба бахти миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд ва суханҳои нахустини ин марди хирад ба дидаҳои ноумеду қалбҳои ғамноки яхбастаи сокинони кишвар нуру зиё ва гармию эътимод бахшид.
     Бо талошу азхудгузаштанҳои хеле зиёди Пешвои муаззами миллат оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардида, беш аз як миллион гурезаҳо ба ватан баргардонида шуданд ва ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат-Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба имзо расида, кишвари маҳбубамон бо сарварии Пешвои сулҳовару хирадманд, дӯстдору вафодор ва наҷотбахши миллату давлат ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид, ки сарчашмааш Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
     Дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, раҳоӣ аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва дар раванди рушду шукуфоии Тоҷикистон нақши фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беқиёс мебошад. Сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон нисбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузорӣ карда, Эмомалӣ Раҳмонро яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ ва мавқеи ӯро дар байни сиёсатмадорон ба таври шоиста муаррифӣ ва раванди сулҳи тоҷиконро пойдор ва беназир хонда, барои бисёр халқҳои мамолики дигар намунаи ибрат арзёбӣ кардаанд. Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ, роҳбариву роҳнамоии хирадмандона ва ҷиду ҷаҳди хастанопазири пайвастаю ҳамин монанд хислату хизматҳои мондагори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар дарёфти роҳи сулҳоварӣ, ҷасорату хирадмандӣ, пешгирӣ аз ҷаҳолату нодонӣ ва нооромию бесуботӣ, таъсиси донишгоҳҳои зиёд дар мамлакат ва пешравӣ дар афкори мардум, гиромидошт ва зинда кардани номи аломаҳои миллат, эҳёи парчаму давлатдории тоҷикон ситоиш намудаанд.
     Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талоши Пешвои муаззами миллат муҳтарам ЭмомалӢ Раҳмон барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгору осудаи мардум ба халқи тоҷик ҳамвора рӯҳу илҳом бахшида, барои пешрафти минбадаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некӯаҳволии мардуми кишвар мусоидат кардааст.
     Сипас, вакилон – иштирокчиёни Иҷлосияи таърихӣ Ҷамолиддин Мансуров, Ато Ҳамдам, Абдуманнон Абдуразоқов хотироти худро аз лаҳзаҳои баргузорӣ, интихоби Раиси Шӯрои Олӣ ва қабули нишону парчами Тоҷикистон ва дигар қарору санадҳои муҳим варақгардон намуда, нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро дар интихоби Роҳбари давлат, сулҳу салоҳ, ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бузургу мондагор арзёбӣ намуданд.
     Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоқикистон Сурайё Дӯстмуродзода хизматҳои Роҳбари давлатро дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати комил, эҳёву таҳкими давлатдории миллӣ ёдовар шуда, хизмати собиқ вакилони Шӯрои Олиро дар интихоби Раиси Шӯрои Олӣ, ки миллатро аз парокандагиву нобудӣ раҳо бахшидааст, мондагору шоистаи эҳтиром маънидод намуд.
     Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертии иборат аз шеъру таронаҳои ватандӯстонаро пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.