Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ДАҲМОҲА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

     14 ноябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр Қосим Роҳбар, инчунин муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони масъули соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар шахсони дахлдор оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2022 ҷаласа баргузор гардид.
     Раиси шаҳр ҷаласаро оғоз бахшида, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрро дар даҳ моҳи соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва воббаста ба амалишавии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини натиҷаҳои пешбининамудаи Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои бандҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат зимни сафарҳояшон ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин супоришҳои протоколи аз ҷаласаҳои кории раиси шаҳр аз масъулин пурсиш намуд.
     Сипас, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавиро дар соҳаҳои савдо, кишоварзӣ, сармоягузорӣ ва сохтмон, савдо ва хизматрасонӣ давоми даҳ моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор дода тариқи монитор ҷадвали суръати рушдро дар ин самтҳо муаррифӣ карда, инчунин, иштирокчиёни ҷаласаро бо иҷрои нақшаи намудҳои андоз, бақияи қарзҳои андоз, қарздорӣ аз музди меҳнат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва шумораи бекорон, ҷудошавии оилаҳо дар ин давра шинос намуд.
     Дар идома фаъолияти соҳаи кишоварзиро дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, мевагӣ, сабзавот, гандум, картошка, маҳсулоти гӯштӣ ва шир, тухм ва ғайра дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди таҳлил қарор дода, вобаста ба рафти шудгори заминҳо масъулони Раёсати кишоварзӣ ва дастгоҳи ҷамоатҳоро вазифадор кард. Инчунин, аз дурнамои нақшаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ ёдовар шуда, вусъати корҳоро дар ин самт таъкид намуд.
     Фаъолияти бахши сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва идораи амволи давлатиро нигаронкунанда, ҷалби сармояро ба иқтисодиёти шаҳр нокифоя арзёбӣ карда афзуд, ки соҳаи саноат беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари соҳибкорони ватаниро тақозо менамояд.
     Раиси шаҳр дар ҷамъбаст ҷаласаи мазкурро омодагӣ ба маҷлиси солона маънидод карда, вобаста ба саривақт пешниҳод намудани ҳисоботи ёздаҳмоҳаи соҳаҳо масъулонро вазифадор намуд.