Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ НАВ ВА ТАЪМИРИ РОҲ

     Дар доираи таҷлили ҷашнҳои Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 16 ноябри соли равон раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар назди МТМУ №43-и деҳаи Ситора, Ҷамоати деҳоти Навобод 4 синфхонаи иловагиро бо толори китобхона мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
     Дар муассиса 833 хонанда дар ду баст таҳсил менамоянд ва ба онҳо 38 нафар устодон таълиму тадрис медиҳанд. Бо афзудани шумораи хонандагон нарасидани синфхонаҳо эҳсос мегардид, бинобар роҳбарияти муассиса дар ҳамкорӣ бо Шӯрои падару модарон, кумитаи маҳалла тасмим гирифтанд 4 синфхонаи иловагӣ бунёд карда, ба фарзандонашон туҳфа намоянд.
     Ба сохтмони муассиса бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дастгирии ҶДММ “Сино тоҷик стар” роҳбараш вакили Маҷлиси вакилони халқ аз ҳавзаи интихоботии мазкур Алиҷон Норбеков 30 ҳазор дона хишт кӯмак расонида шуд ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон синфхонаҳо бо мизу курсӣ, ҷевону тахтаҳои синфӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
     Раиси шаҳр аз шароити синфхонаҳои навсохти васею барҳаво дидан карда, дар дарси забони русӣ ва англисии синфҳои 4-5 ва Алифбо дар синфи якум иштирок ва бо хонандагон саволу ҷавоб доир намуд.
     Дар толори китобхонаи нав раиси шаҳр ба китобдорию китобхонӣ дар муассиса ва иштироки шигирдон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ мароқ зоҳир карда, барои ба китобхонӣ ҷалб кардани шогирдон ба устодон ва китобдор маслиҳатҳои судманд дод. Ҳамчунин, ба китобхонаи мактаб 3 адад китоб бо номҳои “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик”, “Китоб сарчашмаи маърифат” ва “Тулӯи ҳақиқат”-ро, ки ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Пешвои миллат бахшида шуда бо мусоидату дастгирии раиси шаҳр ба нашр расидааст, туҳфа намуд.
     Дар ҳавлии муассиса раиси шаҳр бо волидайни хонандагон ва пирони рӯзгор, ки дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳо иштирок карда шарики шодию хурсандии фарзандонашон буданд, суҳбат орост ва бо ҷашнҳои умумимиллӣ муборакбод гуфта, барои иштирокашон дар корҳои ободонии деҳа арзи сипосу эҳтиром баён дошт, Инчунин, ба Раиси маҳалла Сипосномаи раиси шаҳр ва туҳфаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.
     Раиси шаҳр иқдоми падару модаронро ватандӯстона ва барои фарзандон намунаю омӯзанда арзёбӣ карда, онҳоро ба ҳамкории бештару алоқамандии пайваста бо мактаб, ки василаи хуб барои тарбияву таълими дурусти фарзандон дар роҳи азхудкунии донишу касбу ҳунаромӯзӣ мебошад, даъват намуд.
     Дар идомаи сафари корӣ раиси шаҳр Қосим Роҳбар дар деҳаи Лолагӣ бо рафти бетонпӯш гардидани беш аз 2 километр роҳи ҳудуди деҳа, ки таҳти роҳбарии вакили Маҷлиси вакилони халқ Воҳид Зоҳидов бо саҳми аҳолӣ ва дастгирии соҳибкорон амалӣ мешавад шинос шуда, ҳашарчиёнро ба муносибати ҷашни Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт ва иқдоми сокинони деҳаро туҳфаи арзанда ба ҷашнҳои мазкур маънидод намуд.
     Мардум рӯзҳои офтобӣ дастҷамъона ба ҳашар баромада алаккай беш аз 500 метр роҳро бо паҳноии 5-6 метр бетонпӯш кардаанд. Раиси шаҳр ба иқдоми ободкоронаи мардуми деҳа ва сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр арзи сипос намуд.
     Дар ифтитоҳи иншоот дар деҳаи Ситора ва боздид аз ҳашар дар деҳаи Лолагӣ муовинони раиси шаҳр Исматуллозода Аҳмадҷон ва Бунафша Юлдошзода раиси шаҳрро ҳамроҳӣ намуданд.