Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ОҒОЗИ СОХТМОНИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ ДАР МАҲАЛЛАИ БЕЛАЙДУЗ

     Нимаи дуюми рӯзи 16 ноябр раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар доираи сафари корӣ ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Белайдузи шаҳраки Ҳисор ба бетонрезии таҳкурсии бинои баландошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшид.
     Пудратчии асосии бино ҶДММ “Жасмин Ойл” (роҳбараш Алишер Ҳусейнов) мебошад ва лоиҳаи онро ҶДММ “Тарроҳ” бо назардошти усулҳои ҳозиразамони меъмориву шаҳрсозӣ тарҳрезӣ намудааст. Бино аз 10 ошёнаи дорои 33 хонаи якҳуҷрагӣ, 43 адад дуҳуҷрагӣ ва 23 адад сеҳуҷрагӣ иборат буда, тибқи лоиҳа дар майдони 211 метри мураббаъ таввақуфгоҳи мошинҳо, 70 метри мураббаъ майдончаи бозии кӯдакон сохта хоҳад шуд. Дар корҳои сохтмон 12 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин гардидаанд. Маблағи лоиҳавии сохтмон наздик ба 3,5 миллион сомониро ташкил дода, анҷоми корҳои сохтмон сентябри соли 2024 дар назар дошта шудааст.
      Раиси шаҳр барои дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонидани сохтмон ба масъулон маслиҳат дода, таъкид намуд, ки дар раванди сохтмон ба сифат ва намои меъмории бино аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.