Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИШТИРОКИ ЧОРВОДОРОНИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР “ФЕСТИВАЛ НАМОИШИ ФУРӮШИ ЧОРВОИ ЗОТӢ”

19 ноябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати таъмини иҷрои дастру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ” баргузор гардид.
Дар фестивал Филиали муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фуруши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Зотпарвар”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҲҶТ, Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ ва аз шаҳри Ҳисор чорводорони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди ба номи Латиф Муродов, ба номи Абдурауф Юсуфов, “50-солагии Октябр”, Агентии таъминоти амволи махсус, хоҷагиҳои деҳқонии “Ҳабибулло” ва “Хоҷӣ Мирзокарим” иштирок намуданд.
Дар фестивал муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода иштирок ва суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки соҳаи чорводорӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ буда, дар таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи намоён дорад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 ноябри соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 507 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1 миллиону 301 ҳазор модагов, 6 миллиону 262 ҳазор сар гӯсфанду буз ва 85 ҳазор сар асп мавҷуд аст. Дар ин давра 227,3 ҳазор тонна гӯшт ва 759,8 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шудааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 102 ҳазор сар, аз ҷумла модагов 50,2 ҳазор сар, гӯсфанду буз 258,3 ҳазор сар, асп 1060 сар, истеҳсоли гӯшт 12,0 ҳазор тонна ва шир 16,4 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар фарҷоми Фестивал муовини якуми Вазири кишоварзӣ Музаффар Мирзозода ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва чорводороне, ки дар рушди соҳа саҳм доранд, аз ҷумла МИҲД шаҳри Ҳисор ва сарзоотехники Раёсати кишоварзии шаҳр Диловар Абдуллоев Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.
Дар мавод аксҳо аз саҳифаи интернетии Вазорати кишоварзӣ ва боздиди раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар аз хоҷагии зотпарварии яке аз иштирокдорони фаъоли Фестивали мазкур ҶДММ ба номи Латиф Муродов истифода шудааст.