Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ФУТБОЛ: “ШОДМОН”-И ҲИСОР ВА “ШОҲИН”-И НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД 4:0

      Дирӯз, 21 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи дуюм барои баромадан ба лигаи якум баргузор гардид. Рақобати дастаҳо аз оғоз то ба анҷоми бозӣ пуршиддат идома ёфта, ҳарду даста бо комбинатсияву бозии зебо хотири мухлисонашонро шод намуданд.
      Дастаи “Шодмон”-и шаҳри Ҳисор нисбат ба ҳарифони худ – дастаи “Шоҳин”-и ноҳияи Муъминобод бо ҳуҷумҳои паёпай бартариятро соҳибӣ карда, ба дарвозаи меҳмонон 4 тӯби беҷавоб заданд ва мавқеи худро барои баромадан ба лигаи якум устувор намуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки бозии дастаи меҳмонон низ, шоистаи таҳсин буд. Якчанд зарбаи ҳадафмандона задаи муъминободиҳо имкон дошт вориди дарвозаи соҳибони майдон гардад, вале чолокии дарвозабони дастаи “Шодмон” чунин имкониятро аз онҳо рабуда, даҳҳо туби нишонраси меҳмононро нагузошт масири дифои ӯро рахна намояд.
      Бояд гуфт, ки сафи мухлисони дастаи “Шодмон” тадриҷан афзуда, дастгирии бетанафус, садои дафу сурнай, шодиву сурури осмонкафу шиорпартоиҳои бамавриди онҳо бозии имрӯзаро ба иди ҳақиқии футбол табдил дод ва ташаббусу ташкилотчигии мухлиси аршад ва роҳбари клуби “Шодмон”-и шаҳри Ҳисор Баҳрулло Шарифов дар ин чорабинии варзишӣ бараъло ба чашм мерасид, ки шоистаи таҳсину офаринҳост.
      Бозии навбатӣ ва охирини “Шодмон”-и шаҳри Ҳисор дар Чемпионати имсолаи Тоҷикистон дар ҳамин майдон бо дастаи “Локоматив”-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва тақдири минбаъдаи даста барои баромадан ба лигаи якум ҳал мегардад. Иштироку дастгирии мухлисон шонси ғалабаи дастаро бештар карда, ба афзудани нерӯву рӯҳияи бозингарон мусоидат менамояд. Бинобар, нафаронеро, ки нангу номуси варзишии шаҳри Ҳисор барояшон арзишманд аст, 24 ноябри соли равон ба Варзишгоҳи марказӣ даъват менамоем. Аз соати баргузории бозӣ шумо, ҳамдиёрони азизро ҳатман огоҳ хоҳем намуд.