Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БУНЁДИ БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР ДЕҲОТИ ҲИСОР

       30 ноябр дар Сафорати Япония дар шаҳри Душанбе, дар доираи Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолии давлатҳои рӯ ба рушд, ки Ҳукумати Япония роҳандозӣ кардааст, бо иштироки Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики ва раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар маросими имзои созишномаи грантӣ оид ба “Лоиҳаи бунёди бунгоҳи тиббӣ ва беҳтарсозии таҷҳизоти тиббӣ дар деҳаи Булбулчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳисор” баргузор гардид.
       Пас аз баимзорасии созишнома раиси шаҳр Қосим Роҳбар барои дастгирии соҳаи тандурустии шаҳр ба Сафир изҳори минатдорӣ карда афзуд, ки иқдоми мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари ба ҳам дӯст – Тоҷикистону Япония роҳандозӣ шуда, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Императори Япония муҳтарам Нарухито дар таҳкими равобити дӯстонаи ду давлат арзишманд арзёбӣ мегардад.
       Бунёди бунгоҳи мазкур ва таҷҳизоте, ки дар доираи Барнома дастрас мегардад 124 ҳазор долари амрикоӣ арзиш дошта, ба ҳалли мушкилоти аҳолии беш аз сеҳазорнафараи деҳаи Булбулчашма ва атрофи он, инчунин хизматрасонии босифати табибон мусоидат менамояд.
       Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои дӯстона минбаъд низ таҳким ёфта, дар дигар бахшҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз ҷумла шаҳри Ҳисор тибқи Барнома лоиҳаҳои зарурӣ таҳияву пешниҳод ва амалӣ хоҳанд гардид.