8 декабри соли равон дар толори консертии Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии пуршукӯҳ доир гардида, натиҷаҳои ҷамъбасти Фестивал – озмуни “Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ”, ки бо ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор роҳандозӣ шуда буд, эълон гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод бо сухани муқадимавӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳайати раёсат, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, ҳамчунин, аъзои кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ, кормандони сохторҳои ҳизбии шаҳр, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳр, фаъолони ҳизб, намояндагони васоити ахбори оммаро, ки дар толор ҳузур доштанд, муборакбод гуфта, барои ширкат дар ҷамъбасти Фестивал – озмун бо сипосу эҳтиром хайрамақдам гуфт.
Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Сурайё Дӯстмуродзода ва раиси шаҳр Қосим Роҳбар суханронӣ карда, аҳли нишастро ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрику таҳният гуфтанд ва афзуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, дар марҳилаи барои давлату миллати тоҷик ниҳоят душвори таърихӣ бо пешниҳоду ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси Олии муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст ва аъзову ҷонибдорони ҳизб ин санаи муборакро имсол дар фазои сулҳу субот ва таассуроти неку фараҳбахши тантанаҳои ҷашнии 30-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоянд.
Нотиқон бо ёдоварӣ аз роҳи тайнамудаии ҲХДТ дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши Пешвои муаззами миллат, ҳамзамон Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар афзудани обрӯву нуфузи ҳизб дар арсаи сиёсати дохиливу байналмилалӣ, инчунин аз вартаи фоҷеаи умумимилӣ – ҷанги шаҳрвандӣ раҳонидану барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ дар кишвар ва дар ин раванд таҳкими истиқлолияту пояҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир маънидод намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ натиҷаҳои ҷамъбасти Фестивал – озмуни “Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ” аз рӯи якчанд номинатсия эълон гардида, ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.
Ҳунармандони филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинови бахши фарҳанги шаҳр, санъаткорони навраси муассисаҳои томактабӣ ва шогирдони коллеҷҳои тиббию омӯзгории шаҳр бо барномаи рангини консертӣ хотири ғолибон ва аҳли нишастро болида намуданд.