Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

16 декабр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати прокурори шаҳр, мушовири давлатии адлияи дараҷаи III Хушвақт Машрабзода, муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода, муовинони шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор, дидбонгоҳи гумрукӣ ва нозироти андоз, инчунин иштироки сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз ҷумла мудирони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, шуъбаи маориф, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, сартабиби беморхонаи марказӣ, директорони коллеҷи тиббӣ ва омӯзгорӣ ва намояндагони васоити ахбори омма, ҳамчунин, кормандони мақомоти прокуратура, милитсия ва КДАМ ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаи татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳри Ҳисор ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки Стратегияи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 январи соли 2021 дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии ҶТ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа намудаанд, инчунин доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид мутобиқан бо иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Намояндагони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Ҳисор, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр ва прокуратура оид ба татбиқи Нақшаи амал дар шаҳр маърӯза намуда, далелҳои дар шаҳр ҷой доштани ҳолатҳои шомилшавии сокинони шаҳрро ба гурӯҳҳу ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ шарҳу эзоҳ доданд.
Нотиқон изҳор доштанд, ки дар ҳақиқат экстремизм ва терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, амалҳои қатлу куштори мардуми бегуноҳ, гаравгонгирӣ, тарконидани иншооти ҷамъиятӣ ва ҳамин монанд ҷиноятҳои вазнин ба шумор меравад ва ҷудоихоҳиву ифротгароӣ ва иғвоангезӣ, ки ба парокандагии давлату миллатҳо мебарад, оқибати экстремизм буда, барои амалҳои террористӣ шароит мусоид мекунад. Бинобар, зарураст, ки дар доираи талаботҳои Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар самти бартараф намудани сабабу омилҳои ба ин хатар таҳрикдиҳанда ниҳодҳои фаъоли ҷомеаро ҷалб намоем ва ба ташкили чорабиниҳои фарҳангию равшаннамоӣ, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа, ҷалби бештари мақомоти давлатӣ, бахусус мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо, ҷалби бештари омӯзгорон, инчунин истифодаи таҷрибаи шаҳрвандони пушаймоншудае, ки қаблан дар ташкилотҳои иртиҷоӣ аъзо буданд, баланд бардоштани фарҳанг ва саводнокии динии аҳолӣ, ба Ватан баргардонидани шахсони дар хориҷ таҳсили ғайрирасмии динидошта, таъмини иштироки фаъоли рӯҳониён дар муқовимат бо ин падидаҳои номатлуб, баланд бардоштани дониши сиёсӣ ва касбияти омӯзгорон ва муассисаҳои кӯдакона, роҳ надодан ба таълимоти ғайриқонунии динии кӯдакон, беназоратю бепарастории онҳо, дастрасии бештар ба таҳсилоти миёна ва олии касбӣ диққати авалиндараҷа диҳем.
Прокурори шаҳр Хушвахт Машрабзода бо итминон изҳор дошт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамкорӣ бо МИҲД-и шаҳр барои иҷрои бандҳои Нақшаи амали Стратегия, ки дар самти баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии экстремизм ва терроризм, нақши дин ва ташкилотҳои динӣ дар фаъолияти профилактикӣ, баланд бардоштани нақши низоми маориф ва сиёсати ҷавонон дар пешгирии экстремизм, мақоми ҳуқуқии шахс ва фарҳанги сиёсии аҳолӣ, сатҳи таъминоти иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолӣ таҳия шудааст ва ҷиҳати ноил гардидан ба дигар мақсадҳои муштараке, ки дар Стратегия дарҷ гардидааст, муваффақона комёб хоҳем шуд.