Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ҲИСОР

21 декабри соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия вакилони халқ, муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, кормандони масъули шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассиса ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ иҷлосия ба кори худ шурӯъ карда, вакилон котибот ва рӯзномаи иҷлосияро иборат аз ҳаштмасъала:
-ҳисоботи раиси шаҳри Ҳисор оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ёздаҳ моҳи соли 2022;
-буҷети шаҳри Ҳисор барои соли 2023 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳр дар соли 2021;
-ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-тасдиқи шакли такмилдодашудаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2025;
-тасдиқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор барои солҳои 2023-2025;
-таъсиси муассисаи давлатии Клуби футболи “Шодмон”-и шаҳри Ҳисор;
-муқаррар намудани меъёри андоз ва пардохти ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Ҳисор барои соли 2023;
-ворид намудани тағйирот ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар соли 2023 тасдиқ намуданд.
Аз рўи масъалаи якуми рўзнома – ҳисоботи раиси шаҳри Ҳисор оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ёздаҳ моҳи соли 2022 раиси шаҳр Қосим Роҳбар баромад карда, оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар ёздаҳ моҳи соли 2022 маълумот дод.
Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор фаъолиятро тибқи нақшаи таҳиягардида дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №АП-144 оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022” аз 24 январи соли 2022, №2, инчунин, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2022, №24/10-24 дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рафти ислоҳи камбудию норасоиҳое, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, 20 январи соли 2022 бо натиҷагирӣ аз ҳисоботи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ироа гардидааст, ба роҳ монда бо талаботи банди 4-и Нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисодии шаҳрро бо афзоиши 10,2 фоиз таъмин намудаанд.
Раиси шаҳр тариқи монитор соҳаҳои хоҷагии халқро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вазъи буҷети шаҳр, пардохти музди меҳнат, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, инчунин, масъалаҳои таъминот бо обу барқ, таъмири роҳҳо, баровардани партов, таъминот бо манзили зист, сифати таҳсилот, ҳифзи иҷтимоӣ ва тарзи ҳаёти солим, иштироки аҳолӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, баробарии гендерӣ, дастрасӣ ба иттилоот, таҳкими тартиботи ҳуқуқиро байни аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ шарҳу эзоҳ дод.
Аз рӯи масъалаи дуюм – буҷети шаҳри Ҳисор барои соли 2023 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳр дар соли 2021 сардори Раёсати молияи шаҳр Ғуфрон Шарифов баромад намуда, оид ба қисми даромаду хароҷоти буҷети шаҳр барои соли 2023, пардохти андозҳо дар 11 моҳи соли 2022 ҳисобот дод.
Дар идома, масъалаҳои боқимондаи дар рӯзномаи Иҷлосия дарҷгардида – ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 49 адад афзуда ба 1675 банд расидааст, ҳамчунин шакли такмилдодашудаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2025 дар қироати муовини раиси шаҳр Ҳафтандил Азимӣ шунида аз ҷониби вакилон тасдиқ карда шуд.
Дар баррасии масъалаи чоруми рӯзномаи иҷлосия – тасдиқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор барои солҳои 2023-2025 сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр Динмуҳаммад Юсуфов баромад карда, вакилонро бо мақсаду мароми Барнома, ҳамчунин сатҳи бекорӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ дар шаҳр ошно намуд.
Масъалаи таъсиси Муассисаи давлатии клуби футболи “Шодмон”-и шаҳри Ҳисор, ки дар Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, ахбори омма ва масъалаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, дар қироати раиси Комиссия – вакил Баҳодур Раҷабов манзури иштирокчиёни иҷлосия гардид.
Дар баррасии маъалаи ҳафтуми рӯзнома – муқарар намудани меъёри андоз ва пардохти ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Ҳисор барои соли 2023 сардори нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор Алиҷон Ибодуллозода ва масъалаи ҳаштуми рӯзнома-ворид намудани тағйирот ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар соли 2022 сардори Раёсати молияи шаҳр Ғуфрон Шарифов баромад намуданд.
Вакилон дар муҳокимаи масъалаҳои баррасишуда фаъолона иштирок карда, аз ҷумла вакил аз ҳавзаи интихоботии Меҳргон Шодмон Мансурӣ оид ба бандҳои алоҳидаи масъалаи муқарар намудани меъёри андоз ва пардохти ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Ҳисор барои соли 2023, ки меъёри талаботҳои Қонуни забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар шудааст, эрод гирифта, барои ислоҳи камбудиҳои бандҳои мазкур ворид кардани тағйиротро пешниҳод намуд.
Дар идомаи иҷлосия раиси шаҳр вакилонро бо тағйироти кадрӣ дар шаҳр шинос намуда, масъалаи тасдиқи Фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба мансаби сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор таъин намудани Назирзода Абдуқодир Савзалӣ ва Фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба мансаби мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор таъин намудани Қаюмзода Аҳмад Шокирро мавриди баррасии вакилон қарор дод.
Вакилон фармоишҳои мазкур ва дигар қарорҳои раиси шаҳррро бо иловаи пешниҳодҳо тасдиқ намуданд.
Раиси шаҳр барои дастгирӣ ва тасдиқи қарорҳои баррасишуда ба вакилон изҳори сипос кард, вакилон ва иштирокчиёни иҷлосияро бо Соли нави мелодӣ табрик гуфта, таъкид намуд, ки дар атрофи роҳбарияти олии кишвар зич муттаҳид гашта, соли нави 2023 баҳри ободии кишвар бо неруи дучанд саъю талош варзанд ва бо таманнои барору комёбӣ дар фаъолияти меҳнатӣ ба кори иҷлосия анҷом бахшид.