Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИСТИҚБОЛ АЗ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

22 декабр дар “Кохи Сомон”-и шахри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро, ки мухтавои онро самтхои асосии сиёсати дохилию хоричии Чумхурии Точикистон дар бар мегирифт, ба Мачлиси Олии Ҷумхурии Точикистон ироа намуданд.
Суханронии Президенти Чумхурии Точикистонро бо истифода аз мониторҳо ва шабакахои телевизионии мамлакат дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ҷамоатхои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассиса, корхонаву идора ва колективҳои мехнатӣ сокинони шаҳр дастаҷамъона гӯш карда, бо ҳамовозии самимӣ аз он истиқбол намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян карда,оид ба пешбурди оқилонаи сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳим вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Ҳамчунин, Сарвари изҳор намуданд, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.
Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт.
Сарвари давлат барои бо фоизҳои муайян баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи буҷетии мамлакат ва нафақа дар давоми соли 2023 як қатор имтиёзхоро бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намуданд:
– аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;
Ҳамчунин пешниҳод менамоям, ки аз 1-уми июли соли 2023:
– андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;
– нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд;
Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд.
Дар идомаи суханронӣ таъкид доштанд, ки ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.
Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.
Пешвои миллат дар фарҷоми суханронӣ ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон саодати рӯзгор, муваффақият ва барори кор орзу намуданд.