Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТУҲФАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА КӮДАКОНИ НОБИНО

     Имрӯз, 27 декабр Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва сардори Хадамоти давлатии назорат, танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Далер ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор ташриф оварда, ба 220 нафар тарбиягирандагони мактаб-интернат туҳфахои солинавии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз сару либоси зимистона ва шириниҳо иборат буд, тақдим намуданд.
     Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва Раиси шаҳр Қосим Роҳбар кӯдакони имконияташон маҳдудро аз номи Пешвои маҳбуби миллат табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки кӯдакону наврасон, бахусус шумо маъюбону ятимон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ пайваста зери таваҷҷӯҳи ғамхоронаи Ҳукумати мамлакат қарор доред ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуморо ҳеҷ гоҳ, дар чорроҳаи тақдир танҳо намегузоранд.
     Раиси шаҳр Қосим Роҳбар Вазири нақлиёт ва сардори Хадамоти давлатии назорат, ганзим дар соҳаи нақлиётро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфта, барои дастрас намудани туҳфаҳои Пешвои миллат ба хонандагони маъюби мактаб-интернат сипосу эҳтиром баён доштанд.
     Санъаткорони навраси муассиса бо арзи миннатдорӣ барномаи омоданамудаи консертиро ба меҳмонон эҳдо намуданд.