Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ ВА ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАРОИ ЯТИМОН

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамдастӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, 28 декабр бахшида ба Соли нави 2023-и мелодӣ дар тарабхонаи “Қалъаи Ҳисор” барои 66 нафар ятимони кулл дастархони идона ороста, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо таманниёти солинавӣ ятимонро муборакбод гуфт ва аз номи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо сару либоси зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки иқдоми мазкур дар партави сиёсати раъиятпарваронаи Сарвари давлат, ки дастгириву ғамхорӣ ба ятимону маъюбон ва табақаҳои ниёзманди аҳолиро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор додааст, роҳандозӣ мегардад ва шуморо ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки дар чорроҳаи тақдир худро якаву танҳо ҳис карда, дар ҷомеа эҳсосӣ бекасӣ ва ятимӣ дошта бошед.
Лозим ба ёдоварист, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тобистони соли равон ятимони кулл дар лагери тобистонаи “Чангоб” бо фароғати тобистонаи ройгон фаро гирифта шуда, ҳар иду айём аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, соҳибкорону ҷавонмардони саховатманд дастгирӣ меёбанд.
Барои хушҳолии ятимон ҳунармандони бахши фарҳанг барномаи театрикунонидашудаи солинавиро иборат аз рақсу тарона, ҳаҷву мутоибот ва бозию дилхушиҳои солинавӣ пешниҳод карда, ҳунармандони театри лухтаки шаҳри Душанбе, ки ба маҳфил ба ҳайси меҳмон даъват шуда буданд, дар либосҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ ба чорабинӣ шукӯҳи тоза зам намуданд ва хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.