Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИР АЗ ҚИСМИ НИЗОМӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор бо раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз қисми низомии 41008 “В”-и Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидиҳавоии Вазорати мудофиа дидан намуданд.
Баъд аз гузориши ҳарбии кумандони қисми низомӣ муовини Сарвазир бо сарбозону ҳайати шахсии қисми низомӣ мулоқот намуда, сарбозон ва дар симои онҳо аҳли хонадонашонро аз номи роҳбарияти олии мамлакат ба муносибати Соли нави 2023 бо орзуву таманниёти нек муборакбод гуфт.
Муовини Сарвазир утоқҳои кории афсарон, синфхонаҳои таълимии сарбозон, майдончаи машқу тамрин, ошхонаву хобгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои маишиву фароғатии қисми низомиро аз назар гузаронида, барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани шароитҳо дар самти санитарию гигиенӣ ва маишию фароғатӣ ба ҳайати шахсӣ ва масъулон тавсияву маслиҳатҳои судманд дод. Ҳамчунин, ба захираи маводи хӯрока ва сӯзишворӣ дар амборҳои қисми низомӣ, бо сифати хӯрок ва таркиби он дар ошхона таваҷҷуҳ намуда, аз мушкилот дар ин самт пурсон шуд ва таъкид намуд, барои захираи маводи озуқаворӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Ба муовини Сарвазир иттило доданд, ки ба сарбозон се вақт хӯрокҳои гарму серғизо пешниҳод мегардад. Ҳафтае як маротиба ҳаммоми гарм мегиранд ва барои шустушӯи сару либос ва лавозимоти рахҳои хобашон ҳуҷраи махсуси муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва оби гарм фаъолият менамояд. Муовини Сарвазир аз нуқтаҳои мазкур як-як дидан карда, масъулинро ба беҳтар намудани шароит дар онҳо ҳидоят намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, прокуратураи шаҳр ба қисми низомӣ, барои захира маводи хӯрока, аз қабили орду равған, картошкаву пиёз ва дигар анвои хӯрданӣ дастрас намуда, барои таҷлили пуршукӯҳи Соли нави мелодӣ дар ошхонаи қисми низомӣ, ки бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр таъмир шудааст, дастархони идона оростанд. Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр, ба чорабиниии солинавии низомиён дастагули шеъру таронаро армуғон намуданд.
Афсарону сарбозон аз ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар нисбаташон изҳори қаноатмандӣ карда, афзуданд, ки мақомоти иҷроияи шаҳр ба шароити буду боши онҳо пайваста таваҷҷӯҳ карда, ҳар иду айём ба табрикашон меоянд ва дастархон ороста, барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир менамоянд.