Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 НАФАР СОКИНОНИ ШАҲРИ ҲИСОР СОҲИБИ ЗАМИН ШУДАНД

Дар партави сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби милллат сокинони ниёзманди шаҳри Ҳисор соҳиби замин ва манзил мегарданд.
Бо иштироки раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз ҳисоби фонди манзили МИҲД-и шаҳри Ҳисор дар мавзеи Чашмасори Ҷамоати деҳоти Сомон, ба 217 нафар сокинони ниёзманди дар навбатбудаи шаҳр, аз ҷумлаи омӯзгорону табибон, собиқадорони хизмати давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хонаводаҳое, ки 3-4 ва ё бештар аз он оилаҳо дар он иқомат доранду аз ҷониби комиссияи ҷамъиятии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ниёзманд эътироф шудаанд, замини наздиҳавлигӣ тақсим гардид. Тақсимот шаффофу одилона баргузор гардида, дар навбатбудагон бо усули қуррапартоӣ соҳиби талони рақамгузоришуда ва қарори замин шуданд.
Раиси шаҳр шаҳрвандоне, ки дар остонаи Соли нав соҳиби замин шуданд муборакбод гуфт ва афзуд, ки Ҳукумати мамлакат бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо манзил таъмин гардидани шаҳрвандони кишвар, нигоҳ накарда ба саросар кӯҳсор будани кишвар ва мушкилоти кам будани замин, чораҳои зарурӣ меандешанд.
Ҳамзамон, афзуд, ки манзилҳои истиқоматии хешро дар такя ба усулҳои зебои меъморӣ бунёд намоянд ва минтақаҳои пешбинишуда барои сохтмони инфрасохтор, амсоли иншооти маорифу тандурустӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоиро тасарруф накарда, оқилона истифода намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки ба МИҲД-и шаҳри Ҳисор танҳо дар 11 моҳи соли 2022-ум 1548 нафар шаҳрвандон барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 312 нафар зиёд мебошад.
Дар умум соли 2022 ба 641 оилаҳои ниёзманди шаҳри Ҳисор қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим гардидааст, ки майдони умумии беш аз 40 гектарро ташкил медиҳад.