Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

СОЛИ НАВ-ИҚБОЛИ НАВ

     Шоми 31 декабр пиру барнои шаҳри Ҳисор бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи ватан, ки бо заҳмати фарзонафарзанди кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, бо рӯҳияи саршор аз муҳаббату садоқат ба диёри азизамон Тоҷикистон дар хиёбони ба номи Ҳабибулло Назарови шаҳраки Ҳисор ҷамъ омада, Соли нави 2023-ро таҳти унвони “Соли нав-иқболи нав”, пуршукӯҳ таҷлил намуданд.
     Дар чорабинии фарҳангии идона раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, муовинони раиси шаҳр, кормандони шуъбаю бахшҳои МИҲД-и шаҳр, дастгоҳи ҷамоатҳо, муассисаву ташкилот, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ва меҳмонон иштирок доштанд.
     Чорабинии идонаи солинавиро ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо садои даф ва карнаю сурнай оғоз намуда, меҳмонону сокинони шаҳрро ба пояи арчаи солинавӣ, ки дар маркази хиёбон насб шудааст, даъват намуданд.
     Пас аз қироати паёми шодбошии раиси шаҳр базми солинавии сокинони шаҳр идома ёфта, барномаи консертии театрикунонидашудаи бахши фарҳанги шаҳр, дар таҳияи саркоргардони театри халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов Гулмаҳмад Назарзода, мудири бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бахтиёри Иброҳим ва ҳунарнамоии ҳунарпешаҳои маъруфи кишвар Исмоил Назриев, Муқимҷон Абдуфаттоҳев, Холмуроди Сиддиқ, Дилором Қурбонова, Суҳроби Маҳмуд ва Олими Маҳмуд пешкаш гардид ва ба чорабинӣ ҷилои тоза бахшида онро пуршукӯҳу хотирмон намуд.