Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МИҲД-И ШАҲРИ ҲИСОР ДАР СОЛИ 2022 ВА ВАЗИФАҲО ДАР СОЛИ 2023

7 январи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон, раиси шаҳр Қосим Роҳбар, инчунин муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони масъули соҳаҳои маориф, тандурустӣ, васоити ахбори омма ва дигар шахсони дахлдор оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2022 ва вазифаҳо дар соли 2023 ҷаласа баргузор гардид.
Раиси шаҳр ҷаласаро оғоз бахшида, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрро дар соли 2022 тариқи монитор муаррифӣ кард. Вобаста ба амалишавии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор гузориш дод ва таъмини натиҷаҳои пешбининамудаи Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои бандҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат зимни сафарҳояшон ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, супоришҳои протоколӣ аз ҷаласаҳои кории раиси шаҳр фаъолияти роҳбарону масъулини соҳаҳои дахлдорро бо хулосаҳои хеш дар асоси таҳлилҳои амиқ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Сипас, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавиро дар соҳаҳои савдо, кишоварзӣ, сармоягузорӣ ва сохтмон, савдо ва хизматрасонӣ давоми соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода, ҷадвали суръати рушдро дар ин самтҳо тариқи монитор муаррифӣ намуд.
Раиси шаҳр иштирокчиёни ҷаласаро бо иҷрои нақшаи намудҳои андоз, бақияи қарзҳои андоз, пардохти музди меҳнат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва шумораи бекорон, ҷудошавии оилаҳо ва ғайраҳо дар давраи ҳисоботӣ шинос намуд.
Дар идома, фаъолияти соҳаи кишоварзиро дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, мевагӣ, сабзавот, гандум, картошка, маҳсулоти гӯштӣ ва шир, тухм ва ғайра дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди таҳлил қарор дода, аз нақшаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ ёдовар шуд ва вусъати корҳоро дар ин самт таъкид намуд.
Раиси шаҳр дар баробари номбар намудани дастовардҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фаъолияти бахши сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва идораи амволи давлатиро нигаронкунанда, ҷалби сармояро ба иқтисодиёти шаҳр нокифоя арзёбӣ карда, бо такя ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат афзуд, ки соҳаи саноат беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари соҳибкорони ватаниро тақозо карда, рушди босуботи иқтисодӣ пешгирӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ, истифодаи самараоки истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатнокиии маҳсулот , тақвияти содирот, ташаккули “иқтисоди сабз”, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодӣ, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро тақозо менамояд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвақтзода Қобилҷон зимни суханронӣ вобаста ба таҳлили соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, ки аз ҷониби раиси шаҳр муфассал таҳлилу баррасӣ гардид назароти мусбии хешро баён дошта, оид ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, баргузории олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”,”Тоҷикон – оинаи таърих” ва иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар ин чорабиниҳо, инчунин 1675 банди Нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и шаҳр бахшида ба 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Изҳори итминон намуд, ки сокинони шаҳри Ҳисор атрофи роҳбарияти олии кишвар зич муттаҳид шуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои олӣ саъю талош хоҳанд намуд.
Дар самти дастгирӣ ва ба таҳсили ройгон фаро гирифтани хонандагони болёқати шаҳри Ҳисор дар ДМТ, ки дониши хуб дар соҳаҳои илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ доранд, омодагии раёсати Донишгоҳро иброз дошта, бо мақсади ҳалли масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ҷалби хонандагони болаёқатро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикостон хоҳиш намуд.
Раиси шаҳр дар идома масъулинро барои иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2026, таъмини дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз ҷониби Роҳбари давлат ироа шудааст, таъмини сифатнокиии қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2023, афзудан намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, саноатикунонии босуръат бо истифодаи технологияҳои муосир, таъминоти аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ, татбиқи марҳилаи якуми нақшаи генералии шаҳр, фароҳам овардани шароти мусоиди зиндагӣ, рушд неруи инсонӣ, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, иҷрои нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2023, иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ба муносбати ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлаттии Тоҷикистон, самаранокии фаъолияти дастгоҳи раиси шаҳр ва ғайраҳо вазифагузорӣ карда, ба намояндаи Ҳукумати мамлакат барои иштирок дар маҷлиси ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар соли 2022 изҳори сипосу эҳтиром намуд ва китоби таълифнамудаи коршиносону таърихнигрони тоҷикро, ки таҳти унвони “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик”бо дастгирии Қосим Роҳбар ба нашр расидааст тақдим намуд.