Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Ҷашни Садаро, ки рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат, арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ба нуру гармӣ ва равшанӣ маънидод мегардад, сокинони шаҳри Ҳисор дар қатори дигар шаҳру навоҳии кишвар бо риоя аз суннату анъанаҳои хоси он таҷлил намуданд.
Субҳи 27 январ дар хиёбони ба номи Ҳабибулло Назарови шаҳр сокинону меҳмонони зиёд, бахусус, аҳли адаб ва илму маориф, кишоварзону боғдорон, кадбуноҳову ҳунармандони чирадасти шаҳр ҷамъ омада, намоиши молу маҳсулот баргузор намуданд ва намунаи дастранҷҳояшонро, ки далели воқеии иди қадима ва таърихӣ будани Садаро бозгӯ мекард, ба марази тамошо гузошта, эҳтироми самимии хешро ба ин ҷашни бостонии умумимилӣ ба ҷой оварданд.
Дар чорабинии пуршукӯҳӣ идона муовинони раиси шаҳри Ҳисор Ҳафтандил Азимӣ, Бунафша Юлдошзода, сардори Раёсати кишоварзӣ Бобосафар Шарифӣ, ҳамчунин раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагиҳои кишоварзӣ иштирок карда, аз растаҳои намоишгоҳ, ки бо намунаҳои навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, пухтупази қаноддӣ, ҳунарҳои мардумӣ, тухми зироатҳо, маҳсули меҳнати дӯзандагиву бофандагии дастии ҳунармандони шаҳр оро ёфта буд, дидан намуданд.
Муовини раиси шаҳр Ҳафтандил Азимӣ таманниёти раиси шаҳр Қосим Роҳбарро ба муносибати ҷашни Сада қироат намуда, меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинони шаҳрро бо фарорасии ҷашни Сада шодбош гуфт ва дар идома баргузории ҷашнҳои бошукӯҳи умумимилиро нишонаи ваҳдат, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории аҳолии мамлакат, ҳамчунин сокинони шарафманди шаҳри Ҳисор аз сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Бо идаои Пешвои миллат Тоҷикистон барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон мебошад ва Сада ҳамчун, яке аз ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик, рамзи офариниши ҳаёт ва нуру равшанӣ аз давраҳои дур то ба замони мо омада расидааст.
Дар ду гӯшаи макони баргузории чорабинии ҷашнии сокинони шаҳр гулхани рамзӣ афрӯхта шуда, ҳунармандони бахши фарҳанг, театри халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов ва ансамбли фолклории “Бобоҷоно” бо намоиши театрикунонидашудаи фарҳангӣ ба чорабинӣ нуру зиё бахшида, хотири меҳмонону иштирокчиёни ҷашнро болида гардониданд.