Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР

8 феврали соли равон дар шаҳри Ҳисор нишасти матбуотии раиси шаҳр Қосим Роҳбар баргузор гардида, натиҷаҳои фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар нишаст намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳалӣ аз АМИТ «Ховар», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», “Ҳисори Шодмон”, маҷаллаҳои «Ҳисори зарнисор», «Маорифи Ҳисор» телевизиони «Тоҷикистон», радиои «Овози тоҷик», «Ховар», ҳафтаномаҳои “Инсон ва табиат”, “СССР”, “Фараж”, “Пайк” ширкат карданд, Ҳамчунин, дар нишаст муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхона ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва дигар сохторҳои давлатии маҳаллӣ ҳузур доштанд.
Қабл аз баргузории нишаст ба иштирокчиёни он маълумотнома барои воситаҳои ахбори омма ва нусхаи рӯзномаи шаҳрии “Ҳисори Шодмон”, ки ҳисоботи раиси шаҳр оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2022 ва вазифаҳо дар соли 2023, ки масъалаҳои бунёди иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, нақшаи иҷрои даромадҳои буҷети маҳаллӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хўрокворӣ, таъсиси ҷойи нави корӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, савдою хизматрасонӣ ва дигар дастовардҳоро дар соли 2022 дарбар мегирифт, дастрас гардид.
Раиси шаҳр Қосим Роҳбар дар суханронии муқадимавӣ рӯзноманигоронро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки нишаст дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2023 баргузор карда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баҳри тадбиқи сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини некуаҳволии мардум бо истифода аз иқтидорҳои мавҷуда тадбирҳои судманду муассирро амалӣ менамояд.
Сипас, тариқи монитор оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2022 бо истифода аз ҷадвалҳое, ки бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳрро ифода менамуд маълумоти мухтасар дода, инчунин аз мушкилот ва нақшаҳо дар соҳаҳои гуногун ва роҳҳои ҳалли он ёдовар шуд.
Дар қисмати саволу ҷавоб, ки озод баргузор гардид, рӯзноманигорон Субҳониддин Маҳмудов, Сайидо Назаров, Шоистаи Аҳмад, Муҳаммад Зокир, Ёқуби Содиқ, Ҳотам Рабиев, Сайиди Ҳайдар, Нарзулло Ҷӯраев, А, Собир, Абдуфаттоҳ Мирзоалиев бо қаноатмандӣ аз дастовардҳои шаҳр дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолият, бахусус татбиқи нақшаи генералии шаҳр, ки бо амалишавии он симои шаҳр тадриҷан дигар шуда истодааст, вобаста ба масъалаҳои истифодаи самараноки замин, дастрасӣ ба оби роҳҳои автомобилгард, рушди саноат, низоми савдо дар бозору ошхонаҳо, татбиқи нақшаи генералии шаҳр, таъмини омӯзгорони ҷавон бо замини наздиҳавлигӣ, фаъолияти литсейҳо, гиромидошти ҳофизони халқӣ, қарздорӣ аз андоз, муҳоҷирати кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, содироти маҳсулот ба хориҷ, мусоидат ба рушди соҳибкорӣ саволу пешниҳодҳои худро ироа намуда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз иштироки фаъолонаи рӯзноманигорон ва баёни андешаҳои ҷолиб, ки ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар шаҳр мусоидат мекунад, изҳори сипос намуда, итминон дошт, ки робитаи намояндагони васоити ахбори омма бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ густариш меёбад ва таҳти шиори “Ватандӯстӣ ва рушд”, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намудаанд фаъолият карда, баҳри рушду шукуфоии кишварамон ба нафъи давлату миллат якҷоя саъю талош хоҳем намуд.