Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР БА СОХТМОНИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ ОҒОЗ БАХШИД

13 феврал раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар доираи сафари корӣ ба шаҳраки Ҳисор, дар кӯчаи Исмоилӣ Сомонӣ ба сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиркунонии маркази савдою хизматрасонӣ оғоз бахшида, бо иштироки муовини раиси шаҳр Содиқ Ватанзода, масъулони сохтмон ва сохтмончиён ба таҳкурсии бино ҳиссаҳои аввалини бетонро рехтанд.
Бинои мазкур тибқи Нақшаи генералии шаҳр, ки Ҳукумати мамлакат тасдиқ намудааст ва нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо назардошти усулҳои ҳозиразамони меъмориву шаҳрсозӣ сохта мешавад. Бино аз 12 ошёнаи дорои 96 хонаи якҳуҷрагӣ, 36 адад дуҳуҷрагӣ ва 12 адад сеҳуҷрагӣ иборат буда, тибқи лоиҳа дар майдони 1015 метри мураббаъ бунёд меёбад. Дар ҳавлии иншоот таввақуфгоҳи мошинҳо ва майдончаи бозии кӯдакон дар назар дошта шудааст.
Фармоишгари сохтмон Ҳусайинов Шоҳин буда, сохтмони биноро ҶДММ “Зарин-21” бар зимма дорад. Дар асоси лоиҳа сохтмони иншоот соли 2024 анҷом меёбад ва дар арафаи ҷашнҳои миллӣ мавриди баҳрабардорӣ хоҳад гирифт.
Раиси шаҳр Қосим Роҳбар бо лоиҳаи иншоот шинос гардида, барои дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонидани сохтмон ба масъулон маслиҳатҳои судманд дод. Ҳамзамон, таъкид намуд, ки дар раванди сохтмон аз усулҳои меъмории шарқиёна истифода намуда, ба сифати сохтмон аҳамияти бештар зоҳир намоянд.