Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҲАМОИШИ ҶАНГОВАРОНИ БАШАРДӮСТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Ба муносибати 34-умин солгарди баромадани Қӯшунҳои Артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон 14 феврал бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат чорабинии пуршукӯҳ доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иштирок ва суханронӣ карда зикр намуд, ки дар арафаи Рӯзи пурифтихору фараҳбахши таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шудан аз хизматҳои ҷангии падарону бобоён, бахусус, ҷанговарони интернатсионалист, ки барои ҳимояи хоки кишвари ҳамсоя Афғонистон бо шуҷоату далерӣ ҷонбозиҳо карданд, амали хайр ба шумор рафта, барои тарбияи ватандӯстии насли наврас ва ҷавонон муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар партави сиёсати раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанги Афғонистон бо ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд ва аз шаҳидони ин ҷанг пайваста ёдоварӣ шуда, барои эҳтирому ҷовидонии номи онҳо ба ифтихорашон чандин муассиса ва кӯчаву маҳаллаҳо номгузорӣ шудаанд.
Раиси шаҳр дар робита авзои сиёсии ҷаҳон афзуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид намудаанд, ки имрӯз инсоният ва ҷаҳон дар вартаи хатарбору хатарзо қарор дорад, ки таърих чунин вазъи мураккаби сиёсиро ёд надорад. Сайёраро таҳдидҳои афзояндаю хатарбори экологӣ, аз ҷумлаи селу тӯфон, обхезӣ, хушксоливу қаҳтигӣ ва ҳамин монанд офатҳо, ки боиси мушкилоти зиёд, гуруснагии миллионҳо аҳолии курраи замин гаштааст домангир шуда, ҳамзамон ин раванд характери сиёсӣ пайдо карда, вазъи бе ин ҳам муташанниҷи ҷаҳонро нигаронкунандаю пешгӯинашаванда маънидод менамояд. Баромадани қӯшунҳои Шӯравиро аз хоки Афғонистон 34 сол шуда бошад ҳам, то ҳанӯз дар ин сарзамин барои мардуми мазлуми афғон суботу осоиш нест.
Пешвои миллат дар робита ба авзои ҷаҳон ва минтақа, афзун гардидани хатарҳои сиёсӣ дар сайёра, зимни суханронӣ аз минбарҳои сатҳи баланд аз роҳбарону сиёсатмадорони кишварҳои ҷаҳон пайваста даъват ба амал меоранд, ки роҳи ҳалли ҳамагуна муноқишаҳои сиёсиро инсоният бояд муттаҳид шуда, бо роҳи муколламаю гуфтушунид, ҳамкориҳои ҳамаҷониба ҳал намояд. Тоҷикистон дар ин масир таҳти Сарвари оқилу хирадпеша мавқеи устувор дорад ва воқеаҳое, ки дар сарҳадҳои шимолии кишварамон рух доданд далели раднопазири ин гуфтаҳо маҳсуб меёбанд.
Дар интиҳо раиси шаҳр ҷанговарони башардӯст ва дар симои онҳо сокинони шаҳрро ба муносибати ин санаи таърихӣ муборакбод гуфта афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз ҳамкорӣ бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, ташкилоти иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ҷамъиятии иштирокчиёни садамаи Чернобил, манфиатдор буда, таҷрибаи ҷангию рӯзгордории шумо, ки худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро шиори доимии хеш қарор дода, баҳри ободию устувории давлати cоҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузоштед ва иҷозат надодед, ки ягон қувваи носолиму ғаразнок теша ба решаи пойдории ваҳдати миллию рушди иқтисодии давлати мо занад, бо ҳисси эҳтирому ифтихор истиқбол менамояд.
Итминон дорем, равобиту ҳамкориҳои мо дар раванди корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, таълиму тарбияи насли ояндасоз ҷиҳати арҷ гузоштан ба сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллат, таърихи пурифтихори гузаштаи сарзамин, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, шинохти шахсиятҳои номвари халқи тоҷик самари нек ба бор оварда, насли ҷавону наврасро, ки Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи давлату миллатро ба онҳо бовар кардаанд, ҳамчун инсони комил ва фарзанди барӯманди замони хеш дар руҳияи баланди ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ва таҳти шиори “Ватандӯстӣ ва рушд” ба сӯи комёбиҳо ҳидоят менамоед.
Раиси шаҳр бо ҷанговарони интернатсионалист муколаммаи озод доир намуда, пешниҳоду андешаҳои онҳоро оид ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон шунид.
Дар фарҷом як қатор ҷанговарони собиқадоре, ки дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат карда, дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон саҳми назаррас доранд бо ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, собиқадорони ҷангу меҳнат, комиссариати ҳарбӣ, КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, ташкилоти ҷамъиятии “Садамаи Чернобил” ва ташкилоти ҷамъиятии умумиросиягии собиқадорон “Боевое братство” сарфароз гардонида шуданд.
Аснои мубодилаи туҳфаҳо намояндаи ташкилоти ҷамъиятии“Боевое братство”-и Федератсияи Россия Саидаҳмад Давлатов ба раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар барои кӯмаку дастгирии ҳамешагӣ ва ҳамкорӣ бо собиқадорони ҷанг дар фазои тантанавӣ медали ифтихории ҷамъият ва Раиси шаҳр ба меҳмон китоб бо номи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик”-ро, ки бо ду забон бо дастгирии раиси шаҳр нашр шудааст, тақдим намуданд.