Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ҚОСИМ РОҲБАР АЗ РАФТИ КОРҲОИ БАҲОРӢ

       Субҳи имрӯз, 1 март раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо мақсади шиносоӣ бо паёмадҳои сармои зимистони имсола ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, рафти корҳои баҳории кишоварзон дар саҳро, оғози кишти баҳории картошка ва дигар зироатҳо бо сафари корӣ озими ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шуд. Раиси шаҳрро дар сафар сардорони Раёсати кишоварзӣ Бобосафар Шарифӣ, кумитаи замин Алишер Хоҷазода ва мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зист Абдуқодир Назирзода ҳамроҳӣ намуданд.
       Раиси шаҳр ва ҳайати ҳамроҳонаш нахуст, ба Ҷамоати деҳоти Дурбат ташриф оварда дар хоҷагии деҳқонии “Баҳрулло” аз боғи навбунёди шафтолу ва дар хоҷагиҳои деҳқонии “Нур”, “Иқбол” ва “Баракат” бо рафти кишти картошка шинос гардида, бо деҳқонон оид ба захираи тухми картошка, нуриҳои минералӣ, дастрасӣ ба оби полезӣ суҳбат намуданд. Дар хоҷагии деҳқонии “Баракат” аз ҳолати кишти зироатҳои барвақтӣ дидан намуда, ба маданияти истифодабарии замин дар хоҷагии мазкур баҳои баланд доданд. Саркор аз маҳсули меҳнаташ изҳори қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки дар мавсими киштукор бо ҷамъи фарзандону келинҳояш заҳмат мекашанд ва аз майдони 2,78 га ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, ҳам зиндагиашонро пеш мебаранд ва зиёдатиашро барои фурӯш ба бозор мебароранд.
       Дар ҳудуди ҷамоат раиси шаҳрро ба мавзеи ҳавзи моҳӣ, оварданд, ки дар гузашта макони истироҳати сокинону меҳмонон буда, чанд сол боз аз фаъолият бозмондааст. Раиси шаҳр мавзеъро барои ҷалби сайёҳон мусоид арзёбӣ намуда, барои барқарор кардани он ба масъулон дастурҳои мушаххас дод.
       Дар идомаи сафари корӣ раиси шаҳр дар Ҷамоати деҳоти Сомон бо рафти кишти картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии “Ҷӯрабек”, саркор Заробиддин Хоҷаев ва “Комил 65” саркор Шавкат Отамуродов шинос гардид. Ба раиси шаҳр дар хоҷагии деҳқонии “Комил 65” иттило доданд, ки дар майдони 1,5 га картошка, 1,0 га сабзӣ ва беш аз 0,6 га сабзавоту полезӣ, инчунин дар кишти такрорӣ низ дигар зироатҳо кишт намуда ҳосили дилхоҳ мерӯёнанд. Ба иттилои саркор деҳқонон аз усулҳои бобогии кишт ва пору низ истифода намуда, аз ин ҳисоб хароҷотро барои парвариши зироатҳо кам намудаанд.
       Масофаи бештари шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода аз ҳудуди ҷамоати Сомон мегузарад, бинобар ин раиси шаҳр ба тозагии роҳ ва сабзиши дарахтону ҳолати иншооти шафати роҳ таваҷҷӯҳ карда, вобаста ба ислоҳи камбудиҳое, ки аснои боздид ба назар расид, масъулонро вазифадор намуд.
       Оғоз аз соли 2023 сокинони деҳаи Обшорони деҳоти Сомон дар доираи корҳои ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон даст ба дасти ҳам дода, барои пурра бетонпӯш кардани кӯчаву паскӯчаҳои деҳаашон камар бастаанд. Раиси шаҳр Қосим Роҳбар пас аз боздид аз боғи 15-солагии Истиқлолият аз мавзеи ҳашар дар деҳаи мазкур дидан намуда, бо арзи сипосу эҳтиром бо ҳашарчиён ҳамраъйи намуд ва дар бетоншӯрии онҳо ҳисса гузошт.
       Идомаи сафари кории раиси шаҳр дар ҷамоатҳои деҳоти Навобод, Мирзо Ризо ва ба номи Мирзо Турсунзода сурат гирифт. Муайян гардид, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷамъиятиву деҳқонӣ ва шахсии ҷамоатҳои мазкур корҳои баҳорӣ бо маром ҷараён дошта, деҳқонон аз ҳар ваҷаб замини холӣ самаранок истифода менамоянд.
       Дар деҳаи Ҷалолободи деҳоти Мирзо Ризо дар баробари корҳои баҳорӣ, сокинони деҳа муташаккилона ба таъмири роҳ камар баста, ҳудуди беш аз 2 км қисмати корношоями роҳи мошингардро то маркази ҷамоат бетон рехтанд. Раиси шаҳр ба ҳашарчиён, барои иқдомашон изҳори сипос намуда, амали онҳоро барои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи диёрдорӣ ва дӯстдории ватан намунаи ибрат ва шоистаи дастгирӣ арзёбӣ намуд. Дар саҳрои деҳоти Мирзо Ризо раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз хоҷагии деҳқонии “Исохон” саркор Холиқҷон Исоев ва гармхонаи он, инчунин хоҷагии деҳқонии ниҳолпарварии “Шумон” саркор Сафар Холмуродов дидан намуд.
       Сафари кории раиси шаҳр дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода бо аз назар гузаронидани заминҳои кишти картошка ва дигар зироатҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии “Улфатбобо” ва “Юлдош 2007” сурат гирифт. Бобои Улфат ба раиси шаҳр аз пахтакорӣ, садоқату муҳаббаташ ба замин ёдовар шуда, изҳор дошт, ки устухонаш бо кори саҳро шах шуда, нигоҳ накарда ба пиронсолии хеш бо аҳли оила то ҳанӯз заҳмат мекашад. Раиси шаҳр таҷрибаи деҳқонии Улфатбобо барин пирони корро барои ҷавонон намунаи ибрат арзёбӣ намуда, ба кори деҳқонии ӯ бо сипосу эҳтиром сано хонд.
       Сафари кории раиси шаҳр бо шиносоӣ аз корҳои ободонӣ дар бинои ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода, шароити кории кормандони дастгоҳи ҷамоат ва ҳолати роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ҷамоат поён ёфт.