Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҚОСИМ РОҲБАР ДАР АЁДАТИ МОДАРОНИ МУЪТАБАР

         Дар партави сиёсати раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод бо мақсади арҷ гузоштан ба хизмати занони собиқадору муътабари шаҳр, ки дар соҳаҳои хизмати давлатӣ, рушди кишоварзӣ содиқонаю софдилона заҳмат кашидаанд, инчунин модароне, ки дар тарбияву ба камол расонидани фарзандони солеҳу ватандӯст ва содиқи давлату миллат саҳми муносиб гузоштаанд, аёдат намуданд.
         Нахуст дар деҳаи Мортеппаи Ҷамоати деҳоти Сомон модари рӯзноманигори зиндаёд Акбари Саттор – Раъно Саттороваро аёдат намуда, ба муносибати Рӯзи Модар муборакбод гуфтанд. Апаи Раъно 87 дошта, дар тӯли умри бобаракат 12 нафар фарзандро ба камол расонидааст. Ҳамаи фарзандон бо ҳидояти модар соҳиби касбу мартаба буда, Акбари Саттор – собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар кишвар аввалин рӯзномаи хусусиро бо забони тоҷикӣ таъсис дода, дар рушди журналистика нақши мондагор ва дар матбуоти тоҷик ҷойгаҳи махсус дорад.
         Дар идомаи сафар раиси шаҳр дар деҳаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод собиқадори хизмати давлатӣ Зулфия Қурбоноваро аёдат карда, бо рӯзгораш ошноӣ пайдо намуд. Зулфия Қурбонова баъди хатми ДМТ корро дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳр оғоз карда, ду сол дар собиқ лагери умумииттифоқии “Артек”-и (ФР) ва солҳои минбаъда дар хонаи пионерони шаҳр, мактаб-интернати ҷумҳуриявии бемориҳои полеомелит, раёсати кишоварзии шаҳр, хоҷагии овозадори ба номи Латиф Муродов ифои вазифа намудааст.
Ӯ пас аз хатми мактаби партиявӣ дар шаҳри Тошканд як муддат дар вазифаи ҷонишини раиси комиҷроияи собиқ ноҳияи Ҳисор ва баъдан дар вазифаҳои котиби кумитаи ҳизби коммунист дар собиқ колхози “XXII-Партсъезд”, директори хоҷагии “Дружба” адои хизмат намудааст. То нафақа баромаданаш ба ҳайси муовини раиси хоҷагии иҷоравии “Шараф” ва омӯзгори Коллеҷи тиббӣ фаъолият кардааст.
         Раиси шаҳр дар деҳаи Ҳоҷисиддиқи Ҷамоати деҳоти Дурбат Моҳистон Мусофироваро, ки мӯйҳои хешро ҳамчун деҳқонзани оддӣ дар кори саҳро сафед карда, ҳамзамон фарзандони солеҳу содиқ ба хизмати давлату миллатро тарбияву ба камол расонидааст аёдат намуд.
Модарони муътабарро Қосим Роҳбар аз номи Пешвои муаззами миллат ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, Ҳастии онҳоро барои роҳнамоӣ ба роҳи дуруст бузург номид ва барои тарбияи фарзандон изҳори сипосу эҳтиром намуд.
         Модарони мушфиқ аз лутфу марҳамати раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар изҳори хурсандӣ намуданд ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, шароити арзандаи зиндагӣ ва ғамхориву таваҷҷӯҳи пайваста ба занону модарон дар ҳаққи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сипосу ихлоси бепоён ва самимият дуои нек карданд. Раиси шаҳр ба модарон дар баробари туҳфаю таманниёт, даъватномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисорро ба чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар, ки 7 март дар кохи фарҳанги шаҳр доир мегардад, тақдим намуд.
         Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти двлатии шаҳр дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр беш аз 60 нафар собиқадорон, занону бонувони муътабарро дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ва шаҳри Ҳисор, ки дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми муносиб гузоштаанд аёдат намуда, аз номи раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҷашни фархунда муборакбод гуфтанд.