7 март дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки занону модарони шӯҳратманди диёр чорабинии пуршукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иштирок ва суханронӣ намуда, иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо занону модарони шаҳрро табрику таҳният гуфт.
Тавре зикр гардид, ҳамасола дар оғози фасли зебои сол – баҳори Аҷам мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шаҳри бостонии Ҳисор, чун рамзи эҳтироми бепоён ба мақому мартабаи Зан-Модар ин санаи муборакро бо шукӯҳу омодагии хос таҷлил менамоянд.
Мавқеву имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама ҷодаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарҳуқуқии мардону занон кафолат дода, инчунин тибқи стратегияву барномаҳои миллии фаъолгардонии нақши занон дар самтҳои асосии сиёсати давлатӣ, ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ва ҳамин монанд имтиёзҳоро, ки аз тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа маҳсуб меёбад, ҳукумати мамлакат дар меҳвари сиёсати иҷтимоии хеш қарор додааст.
“Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузуги ҷомеа эътимоди комил дорем, – таъкид намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президненти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем”, – афзудаанд Пешвои муаззами миллат,- ёдовар шуд раиси шаҳр.
Албатта ҳар як халқу миллат бо занону модарони худ ифтихор мекунанд, – иброз дошт раиси шаҳр, лекин мо – тоҷикон, аз занону модаронамон ифтихори хосса дорем, зеро, дар замири модари тоҷик ақлу фаросат, донишу таҷриба, муҳаббату садоқат ва лутфу меҳрубонии беҳамто сиришта шуда, ин хислатҳо ӯро ҳамчун азизтарин нигини тоҷи миллат ва мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидааст.
Маҳз андешаю кирдори хирадмандонаи зан – модари миллати тоҷик буд, ки имрӯз бо номи бузургмардоне чун Рӯдакиву Сино, Фирдавсию Ҷомӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Борбаду Абурайҳони Берунӣ ва дигар нобиғаҳо ифтихор менамоем. Раиси шаҳр дар идомаи суханронӣ аз олиҳаҳои зебоӣ ва ҷасорат, занони паҳлавону лашкаркаш, амсоли Гурдофариди сафшикан, занҳои муборизу ватанпарвар Томирис, Рухшона, Маликаи Бухорхудот, васофони бахту озодии занон – Зебунисову Робияи Балхӣ ва образҳои бисёр омӯзандаи қаҳрамонони “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсии Тӯсӣ Таҳмина, Рудобаву Фарангис, Манижаву Шаҳрбонуҳо, инчунин модарони 6 нафар Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзод, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур ёдовар шуд, ки пас аз ҳазор сол, ба миллати мо фарзандони фарзона, қаҳрамон ва ҳомии давлату миллатро ҳадя намуданд.
Раиси шаҳр Қосим Роҳбар занону бонувони собиқадор, бахусус аҳли илму адаб, маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва саноатчиёну кишоварзонро, ки дар татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши арзанда доранд, ба муносибати Рӯзи Модар бори дигар табрику таҳният гуфта, дар фазои тантанавӣ Сипосномаи раиси шаҳр ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.
Ҳунармандони Филармонияи давлатии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинови бахши фарҳанги шаҳр дастагули шеъру таронаро дар васфи Зан-Модар ва зебогиҳои диёр пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.





