11 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр Қосим Роҳбар ва иштироки собиқадорону кормандони соҳаи матбуот, аҳли адаб ва қаламкашони ҷавон бахшида ба 111-солагии матбуоти тоҷик чорабинӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳр бо сухани муқадимавӣ баромад карда, аҳли нишастро бо иди касбиашон- Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфт.
Зикр гардид, ки ҳамасола, 11 март аҳли қаламу сухан Рӯзи матбуоти тоҷикро, ки аз чопи аввалин шумораи рӯзномаи “Бухорои Шариф” дар соли 1912 манша гирифта, аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар садсолаи гузашта маҳсуб меёбад, пуршукӯҳ таҷлил менамоянд.
Матбуоти тоҷик аз давраи пайдоиш ду марҳала – пеш аз инқилобӣ ва замони шӯравиро паси сар карда, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор фарқкунанда ворид гардид ва ду шохаи ба ҳам пайвастаи матбуоти тоҷик – давлатӣ ва бо талаботи замон мустақил, ки шуморааш аз ҷиҳати миқдор нисбат ба расонаҳои ҳукуматӣ ба маротиб зиёд аст, такмилу ташаккул ёфт. Хушбахтона, ҳадафи асосии ҳарду ҷониб иҷрои рисолати касбӣ ва хизмати содиқонаю софдилона ба манфиати давлату миллат мебошад.
Дар робита ба дарки зарурияти ин масъулият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намудаанд:
«Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунад, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».
Дар нишаст коршиноси масоили сиёсӣ, шоир Абдуллоҳи Раҳнамо иштирок ва суханронӣ карда, нақши матбуотро дар худшиносиву худогоҳии миллат ва тарбияи аҳли ҷомеа дар рӯҳияи ватандӯстӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, аз хизматҳои Пешвои муаззами миллат дар масири давлатсозии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, Эмомалӣ Раҳмонро беҳтарин бозёфт барои миллат унвон кард, ки баъд аз ҳазорсолаҳо бедавлатӣ миллатро сарҷамъу муттаҳид ва Тоҷикистонро эҳё намуд.
Адиб Султонмуроди Одина ҳамкасбони хешро ба Рӯзи матбуоти тоҷик таҳният гуфта, шеъри тозаэъҷодашро дар васфи зебогиҳои диёр қироат намуд.
Сипас, раиси шаҳр дар фазои тантанавӣ ба шоир Абдуллоҳи Раҳнамо барои баргузор кардани мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони шаҳр дар мавзуҳои ҳифзи муқаддасоту арзишҳои миллӣ, ташвиқу тарғиби ғояҳои ватандӯстию худшиносӣ ва дар ин раванд саҳми муносиб гузоштан ба рушди матбуоти тоҷик Сипосномаи раиси шаҳр ва туҳфаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ колективҳои эҷодии рӯзномаю маҷаллаҳои шаҳрӣ “Ҳисори Шодмон”, “Ҳисори зарнисор”, “Маорифи Ҳисор” ва “Фурӯғи маърифат”, инчунин, рӯзноманигорону адибон ва навқаламоне, ки дар рушди матбуот, баргузории чорабиниҳои адабӣ, озмунҳо ва инъикоси набзи шаҳр тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ саҳми муносиб доранд, бо Сипосномаи раиси шаҳр ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.
Дар интиҳо аҳли нишаст бо иштироки раиси шаҳр Қосим Роҳбар дар хиёбони ба номи Ҳабибулло Назарови шаҳраки Ҳисор чун рамзи эҳтиром ба табиати диёр дарахтони ҳамешасабз шинонида, дар ободонии шаҳр саҳм гирифтанд.